sebiston july new
Кулчақанди себӣ
559


                          Маҳсулоти лозима:
1 дона – тухм
100 грам – маска
80 грам – шакар
60 грам – равған
40 грам – ҷурғот
10 грам – маводи ковоккунанда
5 грам – ванелин
400 грам – орд


Барои ороиш:
Чормағз
3 дона - Себ

                      Тарзи таҳия
Аввал себҳоро пӯст карда аз тарошак мегузаронем ва дар тоба дар оташи паст мемонем. Ба он 3 қошуқ шакар ва 2 қошуқ чормағз илова карда мекобем. Зарф дар болои оташ то хушк шудани оби себҳо бояд истад, хушк, ки шуд, гирифта мемонем, то ки хунук шавад.
Дар зарфи дигар маскаро каме об карда ба он равғани растанӣ, тухм, 1 қошуқ ҷурғот, шакар, ванелин ва маводи ковоккунанда илова карда, хуб омехта мекунем. Ба он 2,5 стакон орд илова карда бо дастамон мешӯрем ва хамири мулоимак тайёр мекунем. каме аз хамирро барои болои кулчақанд ҷудо карда мегирем, баъд дар қолаб равғани маска молида, хамирро тунук мекунем. Аз болояш малҳами бо себ омода кардаро паҳн мекунем ва 2 қошуқ чормағз мерезем. Хамирри гирифта мндаамонро аз болояш аз тарошак мегузаронем.
Кулчақанди себиро дар тафдон дар ҳарорати 180 дараҷа 30 дақиқа пухтан лзим аст. Баъди пӯхтанаш 20 дақиқа бояд истад, баъди хунук шуданаш аз болояш хокаи шакар мепошем. Иштиҳои том!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД