Sebiston new 2024 october
Кулчақанди “Лаззат”
798


                           Маҳсулоти лозима:
110 грам – равғани маска
80 грам – шакар
8 грам – маводи ковоккунанда
5 грам – ванелин
1дона – зардии тухм
200 грам – орд

                          Барои ороиш:
1дона – сафедии тухм
3 грам - намак
150 грам – хокаи шакар
1 қошуқча – оби лимон
Чормағз
Шоколад

                          Тарзи таҳия:
Дар зарфе маскаи обшуда, 4 қошуқ шакар, 1дона зардии тухм, маводи ковокунанда, ванелин, орд ҳамаи маҳсулотҳоро бо даст омехта мекунем. Хамирро тунук мекунем ва бо қолаб ё стакон мебурем.

Ба қолаб равған молида қоғази пергамент тунук мекунем ва кулчақандҳоро дар он мегирем. Дар тафдон дар ҳарорати 180 дараҷа 15 дақиқа то пӯхтанаш меистад. Барои болояш сафеди тухм, каме намак бо миксер лат мезанем ва 150 грам хокаи шакарро илова карда, лат мезанем.

Баъдан ба он 1 қошуқча оби лимон илова мекунем ва бо миксер 2 дақиқа беист лат мезанем, оби лимон бӯйи тухмро нест мекунад. Барои байнашон аз мураббо истифода мебарем ва дар болояш бошад аз маҳлули тайёр кардаамон мекунем ва чормағз мемонем. Қабатҳоро ба якдигар пайваст мекунем. Шоколадро об мекунем ва болояшро бо шоколад оро медиҳем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД