Маҳсулоти лозима:
500 г фалла, 2-3 тухм, 3 қошуқ ярма, 3 қошуқ шакар, 15 г моддаи ковоккунанда, 1 қошуқча ванилин.
Тарзи таҳия:
Зардиҳои тухмро аз сафедӣ ҷудо кунед. Сафедиҳоро бо каме намак то кафки сахт карданаш лат занед. Маҳсулоти боқимондаро дар зарфи алоҳида омезиш дода, бо сафедиҳои латзадаи тухм якҷоя кунед. Баъд аз 15 дақиқа онро ба қолаби пухтупазии равғани маска молидашуда рехта, дар ҳарорати 180 дараҷа муддати 45 дақиқа пазед. Кулчақандро бо қаймоқ, саршир ё асал истеъмол кардан мумкин аст.