arzon replenishment
Кулчақанди бомазза барои ифтор
09.04.2023
ОИЛА
792


Маҳсулоти лозима:

1 стакон об, 100 г равғани маска ё маргарин, 1 стакон орд, 4–5 дона тухм. Барои малҳам: 200 г равғани маска, какао мувофиқи табъ, 1 қуттӣ ширқиём.

Тарзи таҳия:

Обу равғанро дар зарфе то ҷӯшидан расонед. Ба он кам-кам ордро илова карда, кофта истед. Зарфро аз рӯи оташ гирифта, каме хунук кунонед. Тухмҳоро яктогӣ илова карда, ҳар дафъа бо миксер лат занед. Тафдонро ба ҳарорати 175 дараҷа тасфонида, ба лаълии тафдон равған молед ва як қошуқӣ аз хамир рӯи лаълӣ гузоред. Баъди пухтани кулчақанд ва сард шуданаш, маҳсулоти малҳамро лат зада, дохили онро пур кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД