Наздикии ҳудуди штатҳои Вайоминг ва Юта “Кӯтали Шайтон” воқеъ аст, ки ин ташаккулоти ҷуғрофӣ чандин солҳо сайёҳонро ҳайрон кардааст. Он аз тахтаҳои санги оҳаки баробари ҳам, дар масофаи 7,6 метр аз якдигар ба таври амудӣ дар хамии теппа пайдо шудааст, ки байни он аз ҷисми нарм иборат мебошад.
Намуди нотакрори ин баландиҳо ба ҷӯйбори азими сангӣ, ё кӯталӣ монанд аст, ки номи “Кӯтали Шайтон”-ро гирифтааст. Ин номро
сохтмончиёни роҳи оҳан, ҳангоми нахустин маротиба онро диданашон мондаанд, зеро вақте онро дучор мешаванд, фикр мекунанд, ки тахтаҳои он то қаъри замин мераванд ва то он ҷое донишашон мерасид, гумон кардаанд, охири он то ҷаҳаннам расидааст. (Бархе аз насрониҳо дӯзахро дар қаъри замин мепиндоранд).
Онҳо тахмин мезаданд, ки ин зуҳуроти табиӣ садҳо фарсах ба қаъри замин даромадааст ва ин андеша, ба ҷойи бе ин ҳам даҳшатнок фазои асрорангезро зам кардааст. Қаринаҳои бофтаву зуҳуроти аҷоиби табиӣ боис гаштааст, ки ба ин макон муҳаққиқону тамошобинон аз ҳар гӯшаи ҷаҳон ҷамъ шаванд.