Мегӯянд, яке аз нишонаҳои охирзамон аз байн рафтани раҳму шафқат ва меҳру муҳаббат дар байни одамон аст.
Аҷаб замоне шуд, гирдоби мушкилоти зиндагӣ ва ишқи пулу мол инсониятро он қадар аз кӯчаи одамгарӣ берун кардааст, ки дигар бегона он тараф истад, ҳатто модар ба фарзанд, падар ба писар, апа ба хоҳару ака ба додар заррае меҳру муҳаббат надорад.
Раҳму шафқат неъмати камёб гашта, кинаву адоват ончунон дар дили бандагони худо реша давондааст, ки гоҳо одамон барои дупула гап шуда, қасди ҷони шахсони наздиктарини худро менамоянд.
Ҳафтае нест, ки хабари содир шудани ягон ҳодисаи хунини хонаводагӣ аз ин ё он гӯша ба гӯш нарасад. Вазорати умуми дохилии кишвар аз содир шудани боз як ҷинояти вазнини кордзанӣ дар байни ду бародар хабар додааст.
Тавре ки манбаъ мегӯяд, ин ҳодисаи нохуш дар ноҳияи Кӯшониён сар зада, як ҷавони 28-сола бародари 32-солаашро корд задааст. Рӯйдоди хунин санаи 29 -август, тахминан соатҳои 22.00-и шаб сар зада, байни бародарон моҷаро ба амал омадааст. Дар рафти ҷанҷоли хонаводагӣ ҷавони 28-сола ба бародари 32 солааш ҳамла карда, ба шиками акааш корд задааст.
Ҷабрдидаро бо захми хуншор ба бемористон бурданд, нисбати додари золимаш бошад, парванда оғоз ёфта, тафтишоти ин қазияи хунин аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.