arzon replenishment
Кроссовкиҳои Майкл Ҷорданро 8 миллион доллар фурӯхтанд
16.06.2024
ОИЛА.ТҶ
717

Шаш ҷуфт кроссовкиҳои собиқ бозингари ассотсиатсияи баскетбол (НБА) Майкл Ҷордан дар музояда бо нархи 8,032 млн доллар фурӯхта шуд.

Дар коллексия кроссовкиҳое пешниҳод гардиданд, ки баскетболбоз онҳоро зимни баргузории бозиҳои тақдирсози ба даст овардани унвони НБА пушида буд.

Ҷордан дар чемпионати НБА солҳои 1991-1993 ва 1996-1998 дар ҳайати "Чикаго" бозӣ кардааст. Дар чор ҷуфти кроссовкиҳо бозингар соядасти худро гузоштааст.

Шахсияти нафаре, ки кроссовкиҳои мазкурро харидорӣ намудааст, муайян нагаштааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД