Sebiston new 2024 october
КРИСТИНА МАРО “ПОДСТАВИТЬ» КАРДУ…
8642

 

Салом. Номи ман Зиёвуддин. Ду сол пеш ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта будам. Азбаски ҳамон шабу рӯзҳо шароити хона сангин буд, аз ёру дӯстонам пул қарз гирифта, ваъда додам, ки то охири моҳи оянда бармегардонам, вале..

Нархи чипта хеле баланд буд ва тамоми маблағе, ки ман дар даст доштам, сарфи роҳкиро шуд. Вақте ба Русия расидам, дар ҷайбам дигар ягон сум намонда буд.

Ростӣ, чандхешу табор маро барои кор ба наздашон даъват карда буданд, аммо нарафтам, чунки робитаи хешутаборӣ ба андак нофаҳмӣ метавонад вайрон шавад. Ба ҷое рафтам, ки бегонаҳо даъватам карда буданд.

Хулоса, дар хонаи Кристина ном ҷавонзани рус иҷоранишин шудам. Ҳар моҳ бояд 18 ҳазор рубл пули иҷора медодам.

Ду моҳи аввал корам хуб буд ва маблағҳои қарз гирифтаамро бозпас фиристодам, вале моҳи сеюм дар корхона дуздӣ шуда рӯзам сиёҳ гашт.

Азбаски навкор будам, ҳама ба ман бо чашми бад нигоҳ мекарданд, зеро ҳамон рӯзи гум шудани пул дар корхона фақат ду нафар будем-ман ва яке аз дӯстни наздики раисаамон. Табиист, ки одам аз шахси наздикаш гумонбар намешавад, роҳбари корхона низ ягон зарра аз дӯсташ шубҳа накарда, фақат аз ман гумони бад мебурд. Каму ғам не, се миллиону панҷсад ҳазор рубли русиро ба яғмо бурда буданд ва раиса гумон мекард, ки ин маблағи калонро ман дуздидаам.

Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, забони русиро хуб намедонистам ва бегуноҳиамро исбот карда наметавонистам. Дунё гӯё ба сарам чаппагардон шуда бошад, тамоми зиндагӣ дар назарам тираву тор менамуд. Он қадар афсурда будам, ки чанд маротиба ҳатто хостам даст ба худкушӣ зада, аз бадномӣ наҷот ёбам, вале боз аз тарси ғазаби худованд гиребони тавба медоштам.

Боре мошини раисаамонро дар пеши хонае ки иҷора меистодам, дидаму пойҳоям дарақ-дарақ ба ларза даромаданд. Фикр кардам, ки раиса кормандони пулисро барои бурданам овардааст, аммо дар хона ба ғайр аз Кристина дигар касе набуд. Соҳибхона маро хомӯшона истиқбол гирифта, хоҳиш кард, ки маблағи думоҳаи иҷораи хонаро супорам. Аз ӯ пурсидам, ки раисаи ман ба ин ҷо омада буд ё не. Кристина бо сараш ишорат намуд, ки бале, омада буд. Беқарор шуда кунҷковӣ намудам, ки раиса бо чӣ мақсад омада будааст. “Барои ҷойи зисти туро фаҳмидан омадааст” гуфт Кристина ва китф дарҳам кашида “Зия, а по виду ты другим кажешся” гӯён, ҷониби ман нигоҳи пурмаъное афканд. Ҳайрон шудам,ки ин суханонаш чӣ маъно дошта бошанд...

Ҳар рӯз аз хона занг зада мегуфтанд, ки мағозаи пеши хона дигар қарз намедиҳад, бар замми ин аз хешу табор хеле қарздор шудаем, зудтар пул фирист, вале ман ҳар бор баҳонае пеш оварда ваъдаи имрӯзу фардо медодам. Байни обу оташ монда будам ва чи кор карданамро намедонистам, зеро шарм медоштам бо занам бигӯям, ки дар корхона дуздӣ шудаасту аз ман гумонбар ҳастанд.

Ҳар рӯз б умед ба назди раиса медаромадам, ки шояд ягон хушхабар мешунавам. Роҳбари коргоҳ рафтори маро як навъ масхарабозӣ қабул карда бо ғазаб мегуфт:

-Зияуддин, ты на что надеешься? Благодори бога, что я не обрашалась в полицию. Докажи что ты не вор, либо верни деньги.

Метарсидам ба раиса бигӯям, ки ба полис хабар диҳад, зеро аслан дузд набошам ҳам, ягон зарра боварӣ надоштам ки бегунҳиамро дар суд исбот карда метавонам. Сари калобаамро гум карда, намедонистам сарамро ба кадом дар бизанам.

Рӯзе Кристина маро ба наздаш хонда, гуфт, ки якҳафтаина ба куҷое меравад ва калидҳои хонаро ба дастам дод. Ҳайрон шудам ки барои чӣ ба мане, ки ҳамагӣ чор моҳ шуд дар хонааш иҷоранишин ҳастам, боварӣ карда, калидашро дод.

Хулоса, Кристина рафту шаб ман атрофи хонаро чарх зада, мушоҳида намудам, ки дар дуюм ошёна тирезаи хонаи хоби ӯ кушода аст. Барои маҳкам кардани тиреза баромадам. Дар таги рахти хоби Кристина як халта меистод, ки аз як кунҷаш миқдори зиёди пул намоён буд. Рафта онро бардоштам ва дидам, ки хеле пули калон дар резина печонида шудааст. Пулро ба ҷевони Кристина гузоштам ва саҳар дубора хабар гирифтам, ки дар ҷояш ҳаст ё не.

Мегӯянд одами дар шир сӯхтагӣ дӯғро пуф карда мехӯрад, рост будааст, мани як бор ба моҷарои пул гирифтор шуда дар як рӯз се-чор бор хабар мегирифтам, ки пулҳои Кристина дар ҷояш ҳастанд ё не. Ҳамин тавр аз байн чор рӯз гузашту Кристина бе огоҳӣ ба таври ногаҳонӣ ба хона баргашт. Маро дар саҳни хона дида, ҳайрон шуда пурсид:

-Зияуддин, ты еще здесь?

-Да, я здесь-гуфтам аз саволи аҷиби ӯ ҳайрон монда, чунки соҳибхона хуб медонист ки ман дигар ягон ҷои рафтан надорам.

Кристина рост ба хонаи худаш баромад ва тахминан бист дақиқа пас “Зияуддин, иди сюда”-гӯён, маро ҷеғ зад.

Ба шёнаи дуюм ба наздаш баромадам. Вай ҳайрон-ҳайрон ба ман нигоҳ карда пурсид:

-Извини, но случайно ты деньги не нашел?

Рост ба сӯи ҷевон рафтам ва даричаашро кушода дидам, ки пул нест. Хун дар баданам ях баста, гумон кардам, ки ҷон аз танам мебарояд. Забонам дар комам часпид:

-Но-но-но-Кристина, я же- гуфтаму шох шуда мондам.

Кристина қоҳ-қоҳ зада хандид ва хан даи ӯ маро гӯё ҷони дубора ато намуд.

-Да ты не бойся Зиё, вот деньги у меня. А ты не посчитал сколько здесь?-бо ҳамон оҳанг пурсид соҳибхона.

Ман то ҳол ба худ наомада будам ва китф дарҳам кашида, сарамро бо аломати не ҷунбондам.

Кристина то ҳол механдид. Баъд аз муддате ӯ каме ором шуда аз ман пурсид:

-Ты мог забирать все деньги и просто уезжать в свою страну. Я бы тебя ни когда не нашла. Почему ты остался?

Ман ҳам ҷавоб додам:

-Знаете Кристина я религиозный человек и мой папа тоже. У нас это считаетсяхарам. И я в жизни не воровал.

Кристина телефонро гирифта ба касе занг зад:

-Привет Жен, это я. Да, уже вернулась в дом, и Зия прошел проверку. Я же сказала что он не вор. Интуиция никогда меня не подводит. Разберись с ним. Я попозже поеду к тебе.

Пас аз ин вай телефнро хомӯш кард ва ба ман рӯ оварда гуфт:

-Твоя начальница моя младшая сестра. Ты прошел проверку. Завтра можеш с высоко поднятой головой идти на работу.

Мардон гиря намекунанд, аммо ман он рӯз бори аввал ашк рехтам.

 

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД