Маҳсулоти лозима:
700 гpамм гӯшти лаҳми моҳӣ (xек, минтaй, толстoлoбик), 2-3 қошуқ ярма (мaннaя кpупа), 1 пиёз, 2 тухм, 1 сабзӣ, 50 мл шир, намак, мурч.
Тарзи таҳия
Гӯшти моҳиро тозаву реза ва пиёзро ба чор қисм тақсим кунед. Сабзиро чоркунҷа реза кунед. Моҳӣ, сабзӣ ва пиёзро аз гӯштқимакунак гузаронида, ба он тухму ярма ва мурчу намак илова карда, нағзакак омезиш диҳед. Аз хамири омодашуда бо дастони тар котлета созед. Равғанро дар тоба тасфонида, котлетаҳоро аз ду тараф сурх кунед.