Sebiston new 2024 october
Котлет аз кадуча
976


Дар рузҳи истироҳат пухтани хӯрокҳои лазиз кайфияти аҷибе дорад ва ҳар як бну мехоҳад ягон чизаки бомазза пухта, азизони дилашро шод гардонад.

Имрӯз мо ба шумо тарзи пухтани катлет аз кадучаро ёд медиҳем, ки ҳам осон ва ҳам камхарҷ аст.

Маҳсулоти лозима:

0,5 кг кадуча (кабачки), 4 картошка, 3 тухм, 3-4 қошуқ орд, 1 бандча кашниз, 1 стакон қаймоқ (сметана), 1 бандча барги салат, 1 қошуқча намак.

Тарзи таҳия:

Картошкаи дар об пухташударо пӯст карда, аз гӯштқимакунак гузаронида, кадучаҳоро аз турбтарош гузаронеду баъд аз 10 дақиқа бо даст обашро ҷабед. Сабзавоти номбаршударо дар зарфе гирифта, бо кашниз, тухм, як қошуқ орд ва моддаҳои хушбӯйкунанда омезиш дода, аз он котлет созед. Котлетаҳоро аввал дар тухми латзада ҷӯлонида, баъдан дар орд омезиш диҳеду дар равғани тасфон сурх кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД