Arzon march 2024
Котлет аз каду
13.04.2025
Oila.tj
198

Маҳсулоти лозима:

200 грамм каду, 200 грамм сабзӣ, 1-2 қошуқ ярма (крупа манная), 20 грамм орд, 10 грамм оҳари картошка, намак, сирпиёз, ҷаъфарӣ, 30 мл равғани растанӣ.

Тарзи таҳия:

Кадуву сабзиро пӯст карда, аз турбтароши сӯрохкалон гузаронед. Дар тоба ними равғани муқарраршударо рехта, кадуву сабзиро андохта, дар оташи паст 30 дақиқа дам партоед. Намаку мурч, сирпиёз илова карда, каме хунук кунонед. Баъдан, ба он оҳар (крахмал), ва баъдан ярмаро андохта, нағзакак омехта кунеду ҷаъфарии резаро низ, илова кунед. Бо дастони тар аз қиммаи кадугӣ сақочаҳои хурд сохта, онро дар орд ҷӯлонеду дар равғани тасфон 3-4 дақиқа пазед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД