Маҳсулоти лозима:
500 г ҷигари мурғ, 1 пиёз, 1-2 дандона сирпиёз, 1 тухм, 5 қошуқ ярма (манная крупа), намак, мурч, равғани растанӣ.
Тарзи таҳия:
Ҷигар, пиёз ва сирпиёзро аз гӯштқимакунак гузаронида, ба он намаку мурч ва тухм илова кунед. Ба қимма ярмаро андохта, 30-40 дақиқа нигоҳ доред. Аз қимма як қошуқӣ ба тоба рехта, котлетаҳоро аз ду тараф сурх кунед.