arzon replenishment
Кош дар ятимхона мемондам Қисми 2
1505

 

Хушдоманам гуфтааст, ки рӯзона вақти хоб будани писарат ягон соат хоб кун, ки асабиву бемор мешавӣ. Модарам ҳамин гапро дастак карда, хушдоманамро аз хона ронд ва занам низ кӯдакро бардошта, аз қафои модараш рафт ва дигар барнагашт.

Дар ин миён шавҳари хушдоманам вафот карду ӯ, ки аз никоҳи наваш фарзанд надошт, танҳо монд. Хушдоманам маро дӯст медошту ҳаргиз намехост ман аз занам ҷудо шавам, аз ин рӯ, наздам шарт монд, ки ман бо онҳо зиндагӣ кунам, аммо ман модарамро танҳо нагузоштам. Аз ин занам ҳам ҷудо шудам…

Зани сеюмамро ба хотири рост гирифтан ба модараму тоқат кардани характери вай холаҳоям аз деҳа ёфтанд. Як духтараки камбағалаку рустоӣ, вале хеле зебову ҳунарманд буд. Модарам як сол бо келини наваш тоқат кард ва баъд сар шуданд камбудикобиҳояш.

Салима бо сари хам ҳама гапҳои нешдори модарамро аз қабили “ман туро аз қишлоқ оварда, шаҳрӣ кардам, чиркҳоят ин ҷо об шуданд, шабушкҳоят гум шуданд, ҳайфи хонаву дарам бо ту барин келин, ҳайфи бачаи хушрӯм”, гӯш мекард ва чизе намегуфт. Тавлиди духтарчаамон ба зиндагии якрангу пурмоҷарои мо як рушноӣ овард, вале модарам ба корҳояш идома медод. Апаи занам меҳмонӣ омаду модарам дилу бедилон ӯро пешвоз гирифта, вақти сӯҳбат гуфтааст, ки аз азал қудои замонавӣ мехосту Худо барояш надод.

Падару модари туро ба шиносҳоям шарм медорам, ки нишон диҳам… Апаи занам хафа шуда рафт ва баъди ду рӯз акаҳояш “ҳоло ту аз падару модари мо шарм медорӣ” гӯён омада, хоҳарашонро бурданд. Модарам тамоми ғазабашро ба сари ман рехта, маро латтаву гову хару чизе, ки хост номид. Баъди як моҳ барои овардани зану фарзандам рафтаму хусурбачаҳоям чунин шарт гузоштанд:

-Домод, ту ягон айб надорӣ, хоҳарам нав қоил шуд, ки модарат ӯро чӣ қадар азоб медодаасту мезадааст. Аз зану фарзандат умед дошта бошӣ, хонаатро аз модарат ҷудо кун, мо ба муносибатҳои фарзанду модарии шумо кор надорем, аммо хоҳарамон дигар ба он хона барнамегардад. Хусуру хушдомани пирам низ гапи писаронашро тасдиқ карданд, ҳамин вақт хушдоманам гуфт:

-Ҳомидҷон, бачам, ҳамин келинҳои мо ҳам гуноҳ мекунанд, мо нисфи онро пинҳон мекунем, насиҳат мекунем, маслиҳат медиҳем, барои он ки писаронро худамон ба дунё овардаем. Модари ту туро назодааст, ки раҳм дошта бошад. Аз он ҷо рост хонаи тағоям, ки хеле дӯсташ медоштам, омадаму дигар худамро дошта натавониста, мисли занон гиристам ва аз ӯ ҳақиқати ҳолро талаб кардам. Тағоям ба ман нақл кард, ки модарам се шавҳар карда, соҳиби фарзанд намешавад ва баъд маро аз ятимхона ба тарбияи худ мегирад.

Бо шунидани ин хабар як моҳ бемор шудам, модарам асли воқеаро шунида, бо тағоям ҷангу хунрезӣ кард. Инак, шаш сол мешавад бо модарам танҳо зиндагӣ дорем, аз зан гирифтан метарсам, зеро медонам, ки модарам боз моро ҷудо мекунад. Модарам айби худашро нодида гирифта, ҳама гуноҳро ба сари ман бор карда мегӯяд, ки ту зандорӣ карда натавонистӣ.

Чанд рӯз пеш ба хабаргирии писару духтарам рафтам, онҳо дур аз ман дар хонаи бегонаҳо зиндагӣ мекунанд. Ба ман меҳре надоранд, чун як бегона салом мекунанд, дилу бедилон тӯҳфаҳои бурдаамро мегиранд ва аз наздам дур мешаванд. Модарам ҳамоно ба ҷангу моҷаро машғул аст ва ҳамеша таънаам мекунад, ки сағира ба ҷое мерасаду сағирапарвар не.

Модарам “Оила”-ро ҳамеша мехонад, барои хамин аз ин минбари баланд ба ӯ гуфтаниям: -Очаҷон, кош дар ҳамон ятимхона мемондам, шояд ҳаётам дигар хел сурат мегирифт…

Ҳомидҷон

Таснифи Нисо Холид

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД