Ман Нигора, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ мебошам. Падарам Мирзошоҳин ном дошта, се сол боз дар Русия аст. Ба баъзе ҷӯраҳояш гуфтааст, ки ман дигар ёди Ватан намекунам.
Борҳо аз бобоям сабаби ранҷиши падарамонро пурсон шудем, вале мӯйсафед ҳар дафъа гапро ба дигар тараф мебурд. Байни падару писар чӣ гап гузаштааст, касе намедонад. Модарам мо, се духтарашро бо ранҷу азобҳои зиёд ба воя расонд. Умеди хондан доштем, вале тақдири шум домангирамон шуду бо сабаби шароит надоштан таҳсиламонро дар мактаб идома дода натавонистем. Азобҳои сагро кашида калон шудем, вале умедамонро ҳеҷ аз дидори падарҷонамон намекандем. Рӯзе хаткашон аз номи падарам мактуб овард. Қариб шодикафак шуда будем, вале вақте номаро кушодем, дуд аз димоғамон баромад. Кош чашмонамон кӯр мешуду он мактубро намехондем.
«Маро дигар интизор нашавед. Ман майли ба назди шумо баргаштан надорам. Дороии маро бегонаҳо не, пайвандони худам бо зӯрӣ гирифта маро хонабардӯш карданд. Дигар рӯяшонро дидан намехоҳам. Беҳтараш маро фаромӯш кунед, зеро дигар моро чизе бо ҳам намепайвандад. Ман дар ин ҷо зану фарзанд дорам ва минбаъд бо онҳо мемонам»,- навиштааст падарам дар номааш. Модарам мактубро хонда чунон бо дарду алам гиря кард, ки гӯё шавҳараш аз олам гузашта бошад. Рӯзи дигар сари нангу номус модарам моро ба назди раиси маҳалла бурда хоҳиш кард, ки вазифаи подабониро ба мо диҳад, то ба ҳар касу нокас зор нашуда, як бурда нонамонро бо меҳнати ҳалоли худамон ёфта хӯрем. Дили раис ба мо сӯхт ва мардумро ҷамъ намуда, маслиҳат кард. Акнун мо се хоҳарон подабонем.
Аз ҳар хонавода барои молҳояшонро бонӣ кардан моҳе 40 сомонӣ мегирем. Нигоҳубини гову мол осон нест, вале ба хотири модарамон мо ба ҳама ранҷу азоб тоқат мекунем.
Мақсади мактуб навиштанам он аст, ки падари сангдиламон ин сатрҳои бо хун навиштаи маро бихонаду аз ҳоли фарзандони падардори бепадараш воқиф гашта, ба Ватан баргардад. Падар, мо ба пули ту ниёз надорем. Шукри худо, як луқма нони ҳалоламонро беминнат мехӯрем, вале аз таънаи мардум, ки моро сағера гуфта масхара мекунанд, ба ҷон расидаем. Рӯзамон дар дашту саҳро бо гиря бегоҳ мешавад. Падар, дониста мон, агар ҳамин сол ба хона барнагардӣ, дигар дар ду дунё мо туро намебахшем. Хаёл накун, ки айёми ҷавониатро дар мулки рус бо оимчаи зардакат мегузаронию дар пирӣ моро туро болои ҳафт қабат кӯрпача хобонда нигоҳубин мекунем. Имрӯз дар лаҳзаҳои сахтӣ дар паҳлӯямон набошӣ, пагоҳ, ки соҳиби хонаю дари худ гаштем, дигар падар ба мо чӣ лозим?! Духтарҳоятро мардона, падарвор пуштибонӣ карданӣ бошӣ, баргард, вагарна паноҳат ба худо! Фақат дониста мон, имрӯз, ки ёди мо накардӣ, фардо ҳам ман фарзанд дорам, магӯй!
Нигора, аз н. Ҷалолиддини Румӣ