Commerc banl
Кортҳои “Амонатбонк” аз нав ба қайд гирифта мешаванд
25.02.2026
Оила
81

Кортҳои “Амонатбонк” аз нав
ба қайд гирифта мешаванд
«Амонатбонк» ҳамаи дорандагони кортҳои худро аз нав сабти ном мекунад. Бақайдгирии такрорӣ то охири моҳи март идома хоҳад ёфт.
Агар муштарӣ дар давоми 30 рӯзи баъди гирифтани огоҳинома-СМС худро сабти ном накунад, то анҷоми расмиёт хидматрасонии корташ муваққатан боздошта мешавад.
Барои азнавбақайдгирӣ мизоҷон бояд ба маркази хизматрасонӣ ё филиалҳои бонк шиноснома ва корти бонкии худро пешниҳод намоянд. Корманди бонк маълумоти шуморо ба система ворид карда, шиноснома ва худи муштариро акс мегирад.
Сарфи назар аз он ки шумо кортро аз куҷо гирифтаед, дар дилхоҳ филиали бонк метавонед худро дубора сабти ном намоед. Маъюбонро кормандони бонк дар манзили зисташон аз нав ба қайд мегиранд.
Ҳадафи аз нав ба қайд гирифтани дорандагони кортҳои “Амонатбонк” пешгирии қаллобӣ ва кафолати аз ҷониби худи соҳиби корт истифода шудани он мебошад. Ин махсусан ба нафакахурон дахл дорад, зеро нафака ва ёрдампулии ичтимой тавассути кортҳои бонкӣ интиқол дода мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД