Oila Navruz
КОРОНАВИРУС БО ШИРИ МОДАР БА ТИФЛ МЕГУЗАРАД?
20.06.2020
Дилошӯб
1472

 

Имрӯзҳо мардуми сайёраро вируси Ковид-19 даҳшатзада кардааст ва кишвари мо низ истисно нест.

Ба идораи «Оила» зангҳои зиёде ворид мешавад, ки аксарият аз ҷониби бонувонанд. Онҳо мехоҳанд дар бораи таъсири ин вирус ба ҷисми зан, хоса занони ҳомиладору тифли батн ва модароне, ки тифли ширмак доранд, огаҳие дошта бошанд. Ба хотири равшанӣ андохтан ба ин масъала суҳбате доштем бо Духтури амрози занонаи Муассисаи Давлатии Миллии «Шифобахш»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳмадалиева Солеҳа.

-Солеҳа Абдуллоевна, сараввал дар бораи таъсири вируси Ковид-19 ба зани ҳомила ва хатари он ба модару тифли батнаш, каме равшанӣ андозед.

-Зани ҳомиладор бояд худро чун як зарфи булӯрин эҳтиёт ва аз тамоми бемориҳо эмин нигаҳ дорад. Дар сурати ба беморие гирифтор шудан, ҳатман ба мутахассис муроҷиат намудан зарур аст. Мардуми мо аксаран ба худмуолиҷакунӣ машғул мешаванд, ки оқибатҳои хатарбор дошта метавонад. Дар бобати хатари Ковид-19 ё коронавирус ба саломатии зани ҳомила ва кӯдаки батни ӯ, ҳаминро гуфтаниям, ки агар зани ҳомиладор бемориро сабук гузаронад, эҳтиёҷе ба қатъ кардани ҳомиладорӣ нест. Дар шакли сабуку миёна гузаронидани вируси Ковид-19 ба модар ва тифли батни ӯ хатаре эҷод намешавад. Чуноне, ки дар боло қайд кардем, зани ҳомиладор хеле нозук мешавад, ҳатто як зукоми оддӣ аз камаҳамиятӣ ва бепарвоӣ метавонад хатарзо бошад.

-Табобати занҳои ҳомиладори гирифтори коронавирус чӣ гуна ба роҳ монда мешавад? Оё антибиотикҳои сахттаъсир ба инкишофи ҷанин зарар намерасонанд?

-Дар табобати занҳои ҳомиладори мубталои вируси Ковид-19 хеле бодиққат будан лозим меояд. Сараввал аз муоинаи табиби сироятшинос ва ташхисҳои лозима, аз қабили ташхиси хун ва пешоб гузашта, баъдан табобати витаминӣ ва иммунитетро баланд бардоштан лозим аст. Табобати беморӣ аз чӣ гуна ҷараён гирифтани он ва вазъи зани ҳомиладору тифли батни ӯ аз ҷониби мутахассисони соҳа ба роҳ монда мешавад. Баъди дидани натиҷаи ташхис ва ҳолати беморӣ давоҳо тавсия дода мешавад. Агар беморӣ дар шакли сабук бошад, онро бе антибиотикҳои сахттаъсир низ табобат мекунанд, вале агар истеъмоли ин гуна давоҳои сахттаъсир лозим бошад, он гоҳ духтури минтақавию табиби сироятшинос дар якҷоягӣ ба табобати бемор пардохта, чораҳое андешида мешаванд, ки антибиотикҳо ба ҷанин таъсир намерасонанд. Дар баробари дорувориҳои сахттаъсир давоҳои дигаре низ тавсия дода мешаванд, ки зарари антибиотикҳоро бартараф мекунанд. Барои ҳамин, табиб ҳабҳое тавсия медиҳад, ки таъсири антибиотикҳои сахттаъсирро ба тифли батни зани ҳомиладор пешгирӣ мекунанд.

-Зане, ки баъди таваллуди фарзанд ба ин беморӣ гирифтор шудааст, ба кӯдакаш шир дода метавонад? Ин вирус тавассути шири модар ба кӯдак намегузарад?

-Дар урфият мегӯянд, ки «кӯдак дар ҳукми гул аст», яъне ҷисми нозуке дорад ва он метавонад ба камтарин зарба тоб наорад. Ман ба заноне, ки мубталои вируси Ковид-19 шудаанд, новобаста аз сабук ё вазнин будани ҳолаташон, маслиҳат медиҳам, ки аз додани шир ба тифлакони худ худдорӣ кунанд. То сиҳат ёфтан барои сер кардани кӯдак аз ғизоҳои ивазкунандаи шири модар истифода бурда, баъд метавонанд синамакониро идома диҳанд. Барои хушк нашудани ширашон, дар давраи беморӣ онро ҷӯшидан лозим аст.

-Баъзе бонувоне, ки мубталои коронавирус шудаву бемориро пушти сар намудаанд, аз гирёнчаку бетоқат шудани кӯдаконашон шикоят мекунанд. Оё ин ҳолати тифлон метавонад пасомади бемории модар ва давоҳои истеъмолнамудаи ӯ бошад?

-Ба ин савол танҳо баъд аз муоинаи кӯдак ҷавоби аниқ додан мумкин аст. Зеро пеш аз авҷ гирифтани ин вабо низ шикоятҳо дар бораи гирёнчаку бетоқат будани кӯдакон зиёд буд. Бемориҳои зиёде ҳастанд, ки ба кӯдак дар батни модар зарар мерасонанд ва ӯ камхобу бетоқат ва гирёнчак мешавад. Модаронро зарур аст, ки ҳатман тифлро аз муоинаи духтури кӯдакон гузаронанд ва баъд аз муайян шудани сабабҳои бехобию инҷиқии атфол табобат аз рӯйи маслиҳатҳои пизишк сурат мегирад.

-Ба занони ҳомиладоре, ки гирифтори коронавирус шудаанд, чӣ тавсияҳо медиҳед?

-Чанд лаҳза пеш, зане бо нишонаҳои ба вируси Ковид-19 монанд, ба мо муроҷиат карда буд, натиҷаи ташхис ва тавсияи пизишки сироятшиносро овард, вале маълум шуд, ки мубталои ин вирус набудааст. Яъне, нишонаҳои ба ин беморӣ монанд зиёданд, табиб бояд дақиқкор бошад, то ба саломатии зани ҳомиладору тифлаки батни ӯ газанде нарасад. Пири табибони машриқзамин Абуалӣ ибни Сино гуфтааст, ки «Воҳима ними беморист», аз ин рӯ, бонувони мо набояд ба воҳимаҳои беасос дода шаванд. Ҳолати руҳии модар ба тифлаш бетаъсир намемонад, ҳолатҳои беҳдошти салиматиро риоя карда, худро аз бемориҳои сироятӣ эмин нигоҳ доред. Беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар кас худи ӯст.

        Суҳбаторо Дилошӯб

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД