Arzon march 2024
Коронавирус бас набуд, ки боз тӯфони одамхӯр омад
5323

Якшанбеи гузашта, тӯфони шадид аз қисми ҷанубии Амрико яку якбора сар зада, боиси марги одамони зиёд гардид.  

Теъдоди қурбониёни тӯфони шадид ва шамоли сахт, ки як рӯз қабл дар Иёлоти мутаҳидаи ҷанубу шарқи Амрико рух додааст. Бар асари он 33 нафар ҷони худро аз даст доданд. 
 
Манбаи хабарии NBC аввалиншуда оиди сар задани тӯфон ба мардум хабар додааст. Ҳамчунин дар як қатор давлатҳои зарардида, ба одамон ёрии аввалин расонида шуд. Ба гуфтаи мақомот, зарари аз ҳама бештар ба Миссисипӣ расидааст, ки дар ин ҳодиса дар ҳудуди ин давлат 11 нафар одамон ба ҳалокат расидаанд, навиштааст ИТАР-ТАСС.

Ҳамчунин дар Каролинаи ҷанубӣ ва шимолӣ, Ҷорҷия, Теннеси, Арканзас аз зарари тӯфони шадид чандин кӯдакон ва калонсолон ҷон бохтанд. Ин офати табиӣ беш аз як миллион нафарро аз қуваи барқ маҳрум намудааст.  Қайд карда мешавад, ки чунин тундбодҳои пурқувват дар Иёлоти Муттаҳида тақрибан ҳашт сол мешавад сар назада буд. Бояд гуфт, ки моҳи марти соли 2012, 40- нафар дар дар ин иёлот қурбони тӯфон шуда буданд.




Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД