Formula novemver 2024
КОРМАНДОНИ СОМОНАИ ОИЛА. ТЧ БА САДАМА ГИРИФТОР ШУДАНД
3530

 

Оила.ТЧ ба хонаи умеди одамони камбағалу бечорагон табдил ёфтааст. Рӯзе нест, ки фарди дар чорсӯи зиндагӣ зору ҳайронмондае ба сомона муроҷиат карда, аз мушкилоти зиндагии худ шиква накунад.

Субҳи имрӯз барои санҷидани шикояти як сокини деҳаи Файзободи Турсунзода, ки ба қавли худаш аз нодорию ночорӣ дар як оғилхонаи пур аз тортанаку ғундаву каждум зиндагӣ мекардааст, ду нафар корманди Оила. ТЧ-Рустам Азимӣ ва Раҷабалӣ Маҳмудов ба шаҳри Турсунзода фиристода шуданд, аммо...

Пас аз чанд соат хабар расид, ки мошини хабарнигорон дар роҳ ба садама дучор шудааст.

Бо шунидани ин хабари нохуш ба таҳлука афтида, дарҳол ба Азимӣ занг задем. Рустам хабари сар задани садамаро тасдиқ намуда, гуфт:

-Мо бо таксиҳое, ки ба самти Турсунзода мерафтанд, ба ин шаҳр сафар карда, бо Очилдиева аз наздик во хӯрдем. Ин зан дар ҳақиқат ҳаёти сангин дошта дар шароити ниҳоят душвор умр ба сар мебарад. Ба мо муяссар гашт, ки аз шаҳри Турсунзода якбора ду барномаи видеоӣ сабт намоем, аммо бадбахтона дар бозгашт ба садама гирифтор шудем. Мошини мавод таҳия омаУмуман, мушкилоти зиёде дорад ин оила, аммо Ба мо муяссар гашт, ки урдааст.

Ба мо муяссар гашт, ки аз шаҳри Турсунзода якбора ду барнома таҳия намоем, вале бадбахтона дар бозгашт таксие, ки савораш будем, ба як мошини тамғаи “Тикко” бархӯрд...

Хушбахтона, хабарнигорони Оила. ТЧ зинда мондаанд, вале Рустам азимӣ аз дилбеҳузурию наворбардор Раҷабалӣ Маҳмудов аз дарди сахти пояш, бар асари садама шикоят дорад...

Мо ба Рустам ва Раҷабалӣ шифои комил хоста, бори дигар ба тамоми ронандагон ҳушдор медиҳем, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳ эҳтиёткор бошанд!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД