Корманди қалбакии Вазорати кишоварзӣ бо гумони қаллобӣ боздошт шудааст
27.01.2026
Oila.tj
130

Дар доираи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани силсилаҷиноятҳои қаллобӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Вахш шаҳрванд Бутаков Амрудин Исматович, 16.09.1979 соли таваллудаш, сокини ноҳияи Панҷ, ҷамоати деҳоти Меҳвар, деҳаи Панҷоб дастгир карда шудааст.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, тавре муайян гардидааст, номбурда гузаштаи доғдоркунандаи ҷиноӣ дошта, пеш барои содир намудани ҷинояти қаллобӣ, тибқи моддаи 247, қисми 4, банди «а»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 10 сол аз озодӣ маҳрум гардида, соли 2021 ба озодӣ баромадааст.

Чорабиниҳои тафтишотӣ муайян намудаанд, ки дастгиршуда Бутаков Амрудин Исматович бо ҳар гуна ному насаби сохта дар байни мардум худро корманди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Агролизинг»-и шаҳри Душанбе муаррифӣ намуда, иброз доштааст, ки шахси масъули мансабдори давлатӣ доир ба хариду фурӯши таҷҳизоти техникии хоҷагии қишлоқ аст. Бо ин роҳ ба боварии шаҳрвандон даромада, бо баҳонаи аз кишварҳои хориҷӣ ворид намудани трактор ва дигар техникаҳои кишоварзӣ тариқи имтиёзнок аз шаҳрвандон маблағҳои калон гирифта, онҳоро фиреб дода ва маблағҳои калони ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш истифода намудааст.

Аз лаҳзаи дастгиршавӣ то ҳол тафтишот 8 ҳолати ҷинояти қаллобии дастгиршуда Бутаков Амриддинро ошкор намудааст, ки зарари ба шаҳрвандон расонидашуда 732 000 сомониро ташкил медиҳад.

Бо назардошти далелҳои болозикр нисбати Бутаков А. И. бо моддаи 247, қисми 4, банди «б»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки дар сурати поймол шудани ҳуқуқу манфиатҳои молиявиашон аз ҷониби дастгиршуда Бутаков Амриддин ба Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Вахш (+992938241111) муроҷиат намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД