arzon replenishment
КОРДЗАНӢ ДАР РӮЗИ РАВШАН
2037

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки дар натиҷаи як муноқиша дар варзишгоҳи боғи фароғатии “Ғалаба” ду ҷавони 24-сола захмӣ бардошта дар бемористони шаҳри Хуҷанд бистарӣ гардиданд.

Манбаъ таъкид доштааст, ки кормандони милитсия муайян карданд, ки ҷавони 21 ва ноболиғи 15-солаи сокинони шаҳри Хуҷанд, дар варзишгоҳи боғи фароғатии “Ғалаба”, воқеъ дар маҳаллаи 18-уми шаҳри мазкур аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо ду ҷавони 24-солаи сокинони ҳамин шаҳр ҷангу ҷанҷол намуда, якдигаро лату кӯб намудаанд.

“Сипас ноболиғи 15-сола бо корд 1-маротиба ба шиками ҷавони 24-сола задааст. Баъдан, шахси ба тафтишот номаълум ба ҷанҷоли онҳо ҳамроҳ шуда, бо корд ба бадани ҷавони дигари 24-сола зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст”, - таъкид доштааст манбаъ.
Манбаъ зикр намудааст, ки дар натиҷа, номбурдагон ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсия оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 237 қисми 3 ва қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз кардаанд.

ВУД Тоҷикистон қайд кардааст, ки ҳоло тафтишот нисбати ин ҳодиса идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД