Arzon march 2024
КОРДКАШИИ НАВРАСӢ 17 СОЛА БО МАРДИ 34 СОЛА
1470

 

Ба тарбияи фарзандонашон чандон диққати ҷиддӣ надодани иддае аз падару модарон боиси то рафт коста шудани маънавиёти ҷавонон ва авҷ гирифтани ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни насли наврас мегардад. Ҳодисае, ки рӯзе қабл дар маҳаллаи кӯчаи Айнии пойтахт ба амал омад, далели равшани ин гуфтаҳост.

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 34-солаи сокини ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъ муроҷиат намудааст, ки 20-уми январи соли 2021, тахминан соати 23:40-дақиқа, дар дохили хобгоҳи «Текстил», воқеъ дар кӯчаи Айнии пойтахт, ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Душанбе аз ҳиссиёти авбошӣ бо ӯ ҷангу ҷанҷол карда, дашномҳои қабеҳ гуфта, бо корд 1-маротиба ба китфи росташ задааст.

Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Айни замон гумонбаршаванда дар боздоштгоҳ қарор дошта, оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД