Sebiston new 2024 october
Кор дар Аврупо ва кишварҳои Шарқ
6728

 

Кор дар Аврупо ва кишварҳои Шарқ

  1. Доираи муҳоҷирати меҳнатӣ васеъ мешавад, вале...
  2. Барои ёфтани кор дар хориҷа ба куҷо бояд муроҷиат кард?
  3. Муҳоҷирони тоҷик дар кадом кишварҳо кор ёфта метавонанд?
  4. Барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд?
  5. Бо визаи сайёҳӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан чӣ хатар дорад?
  6. Чанд маслиҳат ба шахсоне, ки ба хориҷи дур ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанианд. 

Доираи муҳоҷирати меҳнатӣ васеъ мешавад, вале...

Ҷараёни ҷаҳонишавӣ раванди муҳоҷирати меҳнатиро низ такон бахшидааст, имрӯз шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ба хориҷи дуру наздик ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, ризқу рӯзии худ ва аҳли хонаводаашонро пайдо намоянд ва ҳамзамон ҷаҳонбинии хешро низ васеъ гардонанд, аммо...

Мутаассифона, на ҳамаи шахсоне, ки майлу хоҳиши дар хориҷи кишвар кор кардан доранд, роҳҳои пайдо кардани кор дар хориҷи кишварро медонанд ва бо сабаби надоштани иттилооти зарурӣ аксаран ба доми қаллобон афтида, ба ғуломии шаҳвонӣ ё меҳнатӣ гирифтор мешаванд. Барои аз чунин хатарҳо дар амон мондан шумо бояд нозукиҳои пайдо кардани кор дар хориҷи кишварро бидонед.

Барои ёфтани кор дар хориҷа

ба куҷо бояд муроҷиат кард?

Имрӯз роҳҳои пайдо кардани кор дар хориҷи кишвар хеле зиёданд. Шумо метавонед ба воситаи барномаҳои махсусе, ки бештари давлатҳои аврупоӣ доранд, тариқи интернет барои худ дар ин ё он кишвар кори муносиб ёбед. Ширкатҳои махсусе низ ҳастанд, ки хоҳишмандонро барои кор ба давлатҳои хориҷӣ мефиристанд, вале роҳи аз ҳама беҳтарин ва бехатари пайдо намудани кор дар хориҷа ба Агентии бо кор таъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон муроҷиат намудан аст.

Агентии бо кор таъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар суроғаи зерин ҷойгир аст:

ш. Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ 108. тел: 221-39-92

Ш. Хоруғ, тел: 502-08-48-28

Ш. Бохтар: тел: 900-04-00-87

Ш. Хуҷанд. Тел: 92-976-63-63

агенти

Муҳоҷирони тоҷик дар кадом

кишварҳо кор ёфта метавонанд?

Муҳоҷирони тоҷик метавонанд ба давлатҳои Аврупо, аз ҷумла ба Британияи Кабир, Олмон, Лаҳистон ва мамолики Шарқ аз қабили Куриёи Ҷанубӣ ва кишвари Туркия ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд.

Британияи Кабир-кор дар замин

Дар Британияи Кабир муҳоҷирон асосан дар соҳаи кишоварзӣ ба кор ҷалб шуда, бештар дар замин кор мекунанд. Барои як соати корӣ 12 доллар дода мешавад. Рӯзи корӣ 8 соат буда, муҳоҷирони меҳнатӣ дар як моҳ тахминан 2500 доллар кор карда метавонанд. Хароҷоти рафту омад аз ҳисоби худи муҳоҷирон аст, вале онҳоро бо ҷойи хоб таъмин менамоянд. Шарти асосии қабул шудан ба кор ақаллан дар ҳадди гуфтугӯ донистани забони англисӣ мебошад.

Олмон-донистани забон ва тахассус ҳатмист!

Қаблан талаботҳои давлати Олмон нисбат ба муҳоҷирони меҳнатӣ хеле сахт ва ба ин кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан ниҳоят душвор буд, вале ду сол қабл ҳукумати Олмон қонуни наверо ба тавсиб расонд, ки кори муҳоҷиронро нисбатан осонтар гардонд. Муҳоҷирони меҳнатӣ дар асоси ин қонун акнун метавонанд на танҳо дар соҳаҳое, ки норасоии кадрҳо ба назар мерасад, балки дар дилхоҳ соҳа фаъолият намоянд, вале шарти асосии давлати Олмон хуб донистани забони немисӣ ва доштани тахассус мебошад, ки дар Олмон эътироф шудааст.

Қобили тазаккур аст, ки дар сомонаи расмии ҳукумати ин кишвар (https://www.make-it-in-germany.com/de/jobs/jobboerse/) рӯйхати тамоми соҳаҳое, ки ширкатҳои олмонӣ дар ин бахшҳо ниёз ба корманд доранд, мавҷуд буда, хоҳишмандон метавонанд кори ба худ муносибро аз ҳамин сомона ҷустуҷӯ намоянд.

Лаҳистон чӣ мегӯяд?

Кишвари дигаре, ки дарҳои худро ба рӯйи муҳоҷирони меҳнатӣ васеъ боз карда буд, Лаҳистон аст. Пештар муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Лаҳистон асосан дар корхонаҳои истеҳсол ва коркарди гӯшт кор карда, моҳе тақрибан 1000-1800 доллар маблағ ба даст меоварданд, вале айни замон бо сабаби воқеаҳои Украина ва ба Лаҳистон паноҳ бурдани теъдоди зиёди гурезагон аз ин кишвари ҷангзада Лаҳистон додани раводид (Виза)-и кориро ба муҳоҷирони меҳнатӣ қатъ кардааст.

Куриёӣ Ҷанубӣ

Қобили зикр аст, ки байни Тоҷикистон ва Куриёи Ҷанубӣ ду меморандум ба имзо расидааст ва муҳоҷирони меҳнатии тоҷик метавонанд на танҳо барои корҳои мавсимӣ ба ин кишвар раванд, балки дар ширкатҳои калони Куриё ба кори доимӣ ҷалб карда шаванд.

Шахсоне, ки хоҳиши ба Куриёи Ҷанубӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанро доранд, метавонанд ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, ба Хадамоти муҳоҷират ва бахшҳои машваратии он ва ё Агентии бо кор таъминкунӣ дар хориҷа, ки тобеи вазорати мазкур мебошад, муроҷиат намоянд.

Туркия: кор+саёҳати фаромӯшнопазир

Тавре ки Тоҳири Холмурод, сармутахассиси гурӯҳи ҳамкориҳои байналмиллалии Муассисаи Давлатии Агентии бо кор таъминкунӣ дар хориҷа зимни суҳбат ба мо гуфт:

“Байни Тоҷикистон ва Туркия шартномаи фаъол вуҷуд дошта, яке аз ширкатҳои бонуфузи ин кишвар “Анатолиё” муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро барои кор дар меҳмонхонаҳои 5 ситорадор даъват менамояд. Тамоми хароҷотҳо-чиптаи рафту баргашти ҳавопаймо, ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо ва ғайра бар дӯши ҷониби қабулкунанда буда, муҳоҷирони меҳнатӣ бо ҷойи хоб ва се вақт хӯроки гарм таъмин карда мешаванд. Муҳоҷирони меҳнатӣ дар меҳмонхона ба кори мавсимӣ ба сифати фаррош, пешхизмат, соқӣ ва ғайра ҷалб карда шуда, шароитҳои кориашон хеле хуб аст. Музди меҳнат 5000 лира буда, дар сурати беш аз 8 соат кор кардан ба кормандон иловапулии хуб ва дар иду ҷашнҳо мукофотпулӣ дода мешавад. Шартномаи меҳнатӣ байни корфармо ва муҳоҷири меҳнатӣ дар худи Тоҷикистон баста шуда, ҳуқуқҳои муҳоҷирон аз ҷониби давлат ҳимоя карда мешавад.”

Барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа

кадом ҳуҷҷатҳо заруранд?

Барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба давлатҳои Аврупо ҳуҷҷатҳои зерин заруранд:

  • Даъватномаи корӣ

Даъватномаи корӣ аз ҷониби кишваре фиристода мешавад, ки муҳоҷири меҳнатӣ бояд сафар кунад. Ширкатҳои хориҷие, ки аз коргар танқисӣ мекашанд ва мехоҳанд норасоии кадрҳоро дар корхонаашон аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ пур кунанд, бояд худашон ба вазорати меҳнат ё мақомоти дигари кишварашон, ки масъалаи меҳнат ва ҷалби муҳоҷирони меҳнатиро ҳаллу фасл менамояд, муроҷиат карда, барои ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ аз ин ё он кишвар дархост диҳанд ва ҳуҷҷатҳои муҳоҷир ё муҳоҷиронеро, ки ба кор даъват намуданиянд, пешниҳод намояд. Дар асоси ана ҳамин муроҷиат ва дархости ширкатҳо вазорат ё мақомоти дигари давлати хориҷӣ, ки бо масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ сару кор дорад, ба муҳоҷирон даъватномаи корӣ мефиристад. Ба ҳар як шаҳрванд, яъне шахсе, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанист, тариқи почта даъватномаи кории инфиродӣ фиристода мешавад. Раводиди (Виза) корӣ танҳо дар асоси нусхаи аслии даъватномаи корӣ дода мешавад.

  • Шартномаи меҳнатӣ

Муҳоҷирони меҳнатие, ки дар хориҷи кишвар кор карданиянд, бояд аз корфармо ҳатман шартномаи меҳнати (нусхаи аслӣ)-ро талаб карда бигиранд ва онро нағзакак омӯхта, бо ӯҳдадориҳои тарафайн ва шарту шароити корӣ шинос шаванд. Давомнокии шартномаи меҳнатӣ, соати корӣ, музди меҳнат ва дигар ҳуқуқу ӯҳдадориҳои коргар ва корфармо дар шартномаи меҳнатӣ бояд пурра дарҷ гашта бошад.

  • Раводид (Виза)

         Бидуни раводид, яъне виза шумо наметавонед ба хориҷи кишвар, хоса ба давлатҳои аврупоӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ равед. Раводид аз ҷониби сафорат ё намояндагии расмии кишваре, ки муҳоҷир сафар карданист, баъди пешниҳоди даъватномаи корӣ, шартномаи меҳнатӣ ва дигар асноди зурурӣ дода мешавад. Аслан мӯҳлати гирифтани раводид (виза) 14 рӯзи корӣ аст, вале баъзан бо сабаби зиёд будани хоҳишмандон худро номнавис кардани муҳоҷирон барои мусоҳиба бо консул ва гузаштан аз сӯҳбат каме тӯл мекашад, зеро раводид танҳо баъди гузаштан аз сӯҳбат (собеседование) дар мӯҳлати 14 рӯзи корӣ дода мешавад.  

Муҳоҷирони меҳнатӣ дар баробари асноди номбаршуда ҳамчунин бояд аз ташхиси тиббӣ гузашта, маълумотномаи тиббии №029, маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ, диплом ё шаҳодатномаи касбӣ, маълумотнома аз ҷойи зист, анкетаи SV, шиносномаи хориҷӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои заруриро дошта бошанд.

 

Чанд маслиҳат ба шахсоне, ки нияти ба

хориҷа ба муҳоҷират рафтан доранд

Нияти ба хориҷи кишвар- Аврупо, Олмон, Туркия ё давлати дигар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанро дошта бошед, пас ин маслиҳатҳо барои шумост:

  1. Ба ваъдаҳои одамони ношинос ва ҳатто дӯстону рафиқонатон дар бораи кори сердаромад дар ин ё он давлати хориҷӣ ба осонӣ бовар накунед, зеро дар аксари ҳолатҳо чунин ваъдаҳо танҳо доми фиреб буда, оқибаташон афтодан ба ғуломии меҳнатӣ ё шаҳвонӣ мебошад.
  2. Роҳи беҳтарин ва бехатари ёфтани кор дар хориҷа муроҷиат намудан ба Муассисаи Давлатии Агентии бо кор таъминкунӣ дар хориҷа, ки тобеи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ мебошад ё ба Хадамоти муҳоҷират муроҷиат кардан аст.

Хадамоти Муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суроғаи зерин ҷойгир шудааст: ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ 121.

Почтаи электронӣ: [email protected]

тел/факс: +992-37-225-05-71, 225-05-72. 225-07-19

агенти2

  1. Бо ёрии ширкатҳое, ки ба сафарбарсозии муҳоҷирони меҳнатӣ барои кор ба хориҷи кишвар машғуланд, ба муҳоҷират рафтанӣ бошед, то кадом андоза қонунӣ будани фаъолияти ширкатеро, ки ба шумо дар хориҷа кор ваъда кардааст, санҷида бароед. Ширкат бояд иҷозатномаи расмӣ, муҳр ва дигар ҳуҷҷатҳои заруриро дошта бошад.
  2. Дар хориҷа кор кардан хоҳед, пеш аз ҳама забони кишвареро, ки сафар карданиед, нағзакак омӯзед. Бидуни донистани забон ба хориҷи кишвар сафар намудан кори оқилона нест, зеро дар мамлакати бегона шуморо метавонанд сари ҳар қадам фиреб диҳанд ва ё ба доми ғуломии шаҳвонӣ ё меҳнатӣ биафтед.
  1. Доштани касбу ҳунар ва тахассус барои кор дар хориҷа ҳатмист. Мутахассиси баландихтисос набошед, ақаллан барои омӯхтани касбу ҳунарҳои оддие, ки дар хориҷа ба кор рафтанашон имкон дорад, ба курсҳои касбомӯзӣ барои калонсолони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли алоҳии Тоҷикистон шомил гашта, касб омӯзед. Касбомӯзӣ чандон мӯҳлати зиёдро тақозо намекунад ва ҳуҷҷатҳое, ки баъди хатми ин курсҳо дода мешаванд, дар аксари давлатҳо ба кор мераванд.

Шумо метавонед тариқи телефонҳои зерин ба Маркази касбмӯзӣ барои калонсолони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон занг зада, худро номнавис кунед: (+992 37) 236-19-05 ва 235-18-70

 номнавис

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Дилварзин 2023-06-16, 22:35
Екатеринбург
Посух
Мухамад 2023-08-29, 23:54
Мехостам кор ебам дар давлатхои аврупо
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Дилварзин 2023-06-16, 22:35
Екатеринбург
Посух
Мухамад 2023-08-29, 23:54
Мехостам кор ебам дар давлатхои аврупо
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД