Arzon march 2024
Комёбии варзишгарони тоҷик дар бозиҳои БРИКС
988

Дар Бозиҳои варзишии кишварҳои БРИКС - 2024 варзишгарони тоҷик дар риштаи варзиши гӯштини камарбанди тарзи озод ва классикӣ 9 медал ба даст оварданд. Дар ин бора Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

Бозиҳои варзишии кишварҳои БРИКС - 2024 аз 12 то 23-юми июн дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия баргузор гашта, аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа 110 варзишгар иштирок доштанд.

Боиси тазаккур аст, ки бозиҳои варзишӣ бори аввал дар қолаби нав доир гашта, дар баробари варзишгарони кишварҳои БРИКС, инчунин варзишгарони чанд давлати дигар, ки аз ҷониби мизбони мусобиқа даъват шуда буданд, қувваозмоӣ карданд.

Дар маҷмуъ, дар бозиҳои варзишии кишварҳои БРИКС 4000 нафар варзишгарон аз 100 мамлакат ширкат варзиданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД