arzon replenishment
Комёбии тоҷикбачаи 15-сола
1345


Як ҷавони 15-солаи тоҷик дар ду мусобиқаи байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён ва ҷоизаву сертификат гаштааст.

Ҷонибек хонандаи синфи 8-и Литсейи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ мебошад.

Ҷонибек Неъматов рӯзҳои 9-10 декабри соли равон дар мусобиқаи “Korean Ambassadors Cup Taekwondo” иштирок карда, соҳиби сертификат гашт. Мусобиқаи мазкур дар Корея баргузор гаштааст. Қабл аз ин Ҷонибек дар Чемпионати Осиё, ки рӯзҳои 17-18-ноябр дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Узбекистон доир гашта буд, иштирок карда, сазовори ҷойи намоён ва ҷоизаи Asian Cup 2023 гашта буд.

Дар ин мусобиқа Ҷонибек Неъматов аз рӯйи барномаи спарринг то вазни 65 кг ба майдон баромада, сазовори ҷойи сеюм гашт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД