Дар шаҳри Гааги шоҳигарии Ҳоланд аз 10 то 16 июл 4-умин Олимпиадаи байналмилаии «STEM» баргузор гашта, хонандагони тоҷик дар он сазовори ҷойҳои намоён гаштанд.
Дар ин бора Маркази рушди истеъдодҳо хабар додааст.
Олимпиада аз фанҳои табиатшиносӣ, математика ва технологияи иттилоотӣ баргузор гардида, дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар ин сабқати зеҳнӣ 8 нафар хонандагони Муассисаи таълимии хусусии «Абдураҳмони Ҷомӣ» муаррифӣ намуданд.
Дар даври ниҳоии олимпиада зиёда 700 нафар иштирокчиён аз 30 давлати дунё байни ҳам рақобат доштанд ва хонандагони тоҷик ба дастовардҳои хуб ноил гашта, соҳиби 5 ҷойи III шуданд, 3 ҷой аз фанни математика ва 2 ҷой аз фанни табиатшиносӣ.
Қобили ёдоварист, ки дар даврҳои интихобии олимпиадаи мазкур 22 ҳазор хонандагон аз 1350 муассиса аз 107 давлати дунё иштирок доштанд.