arzon replenishment
Кӯмакҳои якдафъаина ба сокинони аз сел зарардида
2275
Кӯмакҳои якдафъаина ба сокинони аз сел зарардида

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар хабар додааст, ки бо дастгирии ниҳодҳои байналмилалӣ ба аҳолии аз сел зарардида кӯмаки яквақтаина расонидааст.

Ба иттилои ин ниҳод, онҳо ба 400 хонаводаи ноҳияи Варзоб, 63 хонаводаи шаҳри Ҳисор ва 68 хонаводаи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт маводи ғизоӣ, чун орзу равған ва макарону нахӯд, матрас, кӯрпаву болопӯш ва зарфҳои нигоҳдории об бурдаанд.  

Саъдӣ Ҷунайдзода, як сокини маҳаллаи Хуҷаамбиёи поёни ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, ки дар натиҷаи ин офати таббиӣ хонаи холааш сахт осеб дид, зимни суҳбат бо Oila.tj гуфт, воқеан ,чунин кӯмакҳоро дарёфт кардаанд ва ҳоло дар фикри таъмири хонаанд, зеро манзиле барои зист надоранд.

Ҳавасмо Расулова, сокини дигари ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт низ зимни суҳбат бо Oila.tj гуфт, барояшон кӯмаки аввалия овардаандд, вале дар мавриди ҷойи зисташон ҳанӯз ҳеҷ иттлои дақиқе надоранд.

“Гуфтанд, ки баъди Истиқлолият як комиссия омада месанҷад ва баъд хулосаашро мегӯяд. Дар ҳар ҷо хобем. Ягон техника ҳам наоварданд, ки кӯмакамон кунад. Худамон пул дода, мошин овардему рӯи ҳавлиамонро аз об холӣ кардем, аммо лой дару тирезаҳоро пӯшидааст ва ҳайронем, ки акун бо лойҳо чӣ кор мекунем”, - гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Ашӯрбибӣ Шералиева, сокини деҳаи Шӯроби Искандари шаҳри Ҳисор зимни суҳбат бо Oila.tj гуфт, ҳарчанд дар ин офати таббиӣ зарари сахт диданду тамоми биноҳои ёрирасон, чун ошхонаву анборхона ва таҳхонаашон зери об монда, бархе чаппа шуданд, барояшон ҳеҷ кӯмаке накарданд.

“Вақте онҳо кӯмак овардаанд, ман дар хона набудам. Ба дигар ҳамсояҳо маводи хӯрокаву дигар ашёоро додаанд, аммо ба мо не, ҳарчанд дар хона дигар аъзои оила буданд. Писарам ба ҷамоат муроҷиат кард. Он ҷо гуфтанд, ки вақте кӯмаки баъдӣ омад, бароятон мерасонем”, - гуфт ин сокини шаҳри Ҳисор.

Ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода онҳо, ҳамзамон, ба сокинони зарардидаи шаҳри Ваҳдат 466 халта орд, 932 литр равған, 2330 кг нахӯд, 1398-ададӣ матрасу болишт, ҷиҳози хоб ва кӯрпа дода, онҳоро ба ҷойҳои бехавф кӯчониданд. Дар ҷамоатҳои деҳоти Нуъмон Розиқ 44 хоҷагӣ, Симиганҷ 99 хоҷагӣ, Чӯянгарон 248 хоҷагӣ ва дар Ромит 75 хоҷагӣ аз ин офати табиӣ зарар дидаанд.

Дар шаҳри Ҳисор низ намояндагони КҲФ ба оилаҳое, ки дар ҳудуди деҳаҳои Шӯроби Искандар, Шӯроби Афғон, Гулрез, Арбобӣ, Хоҷачилдиёр, Кӯрпаӣ, Ҷиргинак, Лойоб ва Зартеппа маводи хӯрокворӣ бурдаанд.

Аз идора: Гузориши видеоии моро аз харобиҳои сели даҳшатбор ин ҷо тамошо кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД