Китобхонаи шаҳри Меделенини Колумбия соли 2007 дарҳои худро ба рӯи ҳаводорони илму фарҳанг боз намуд.
Китобхона, ки лоиҳаи он аз ҷониби меъмор Ҷонкарло Мазанти пешниҳод гардида буд, имрӯзҳо ба яке аз рамзҳои асосии шаҳр табдил ёфтааст.
Ба туфайли тарҳи ғайриоддиаш бино дар шакли кӯҳҳои сангини бисёркунҷа сар ба фалак кашидааст. Ин бино на танҳо ба сифати китобхона, балки ҳамчун макони ҷамъомадҳо ва маркази фарҳангӣ хизмат мекунад. Дар дохили ин “кӯҳи сангин” маркази фарҳангӣ, толорҳои зиёди хониш, сифхонаҳои компютерӣ ва толорҳои дилхушӣ ҷойгиранд.
Бинои китобхона аз ҳама гӯшаву канори шаҳр намоён буда, имрӯз тамошогоҳи сайёҳони ҷаҳон гардидааст.