Тибқи гузориши шабакаи NHK, Ҷопон боз як бор рекорди ҷаҳониро дароз кард, ин дафъа дар самти давомнокии миёнаи умри аҳолӣ.
Соли 2024 дарозумрии миёнаи мардон 81,09 сол ва занон 87,13 сол шудааст. Ин 40-умин бор аст, ки Ҷопон чунин дастоварди ҷаҳониро сабт мекунад. Бо вуҷуди ин, кишвар аз рӯйи дарозумрии миёнаи мардон ҳоло ҳам дар зинаи шашум қарор дорад, пас аз Шветсия, Швейтсария ва Норвегия.
Вазорати тандурустии Ҷопон мегӯяд, ки нишондиҳандаҳо нисбат ба соли гузашта қариб тағйир наёфтаанд: фарқият дар мардон 0,00%, дар занон 0,01%.
Ҳамзамон вазири иқтисоди Олмон Катерина Райхе изҳор намудааст, ки олмониҳо бояд дертар ба нафақа бароянд, зеро дар ҷумҳурӣ шумораи дарозумрон меафзояд.