goodwell
Кирми ҳасад (ҚИСМИ 9)
228

Азоби рӯҳии Таҳмина рӯз ба рӯз даҳшатноктар мешуд. Занҷирҳои ҷодуе, ки барои Гуласал сохта буд, акнун гардани худашро сахт мефишурданд.

​Дар ҳамин ҳол, Наргис, ки аз Рустам ҷавоби рад гирифта буд, оташи адовати дарунаш бештар аланга мезад. Ӯ наметавонист бубинад, ки Рустам ба хонааш баргашта, бо Гуласал ва писараш хушбахтона зиндагӣ мекунад.

​Наргис ба аёдати Таҳмина омад, вале ҳоли даҳшатноки ӯро дида, ба ҷойи сабақ гирифтан, аз тарсу ғазаб девонатар шуд. Ӯ фаҳмид, ки Таҳмина дигар ба кор намеояд. Акнун Наргис худаш азм кард, ки макри охирин ва хатарноктарини худро ба кор барад. ​Ӯ рӯзона ба хонаи Рустам омад. Ҳангоме ки Гуласал дар ҳавлӣ набуд ва Рустам бо кӯдакаш машғули бозӣ буд, Наргис бо чеҳраи сохтаву гирёнаку мазлум вориди хона шуд.

​Наргис худро ба оғӯши Рустам афканда, бо ашки сохта пичиррос зад:

- Рустамҷон. Ман танҳо барои хабаргирии фарзандат омадам. Ман медонам, ки ту Гуласалро дӯст намедорӣ.

​Рустам аз шунидани ин суханони зани бе шарму ҳаё чунон ғазабнок шуд, ки бори аввал дасташро ба болои Наргис бардошт. Ӯ Наргисро тела дода, бо овози баланд фарёд зад:

- Бас кун, зани бешарм. Аз хонаи ман гум шав, вагарна бо дастони худам туро бӯғӣ карда мекушам.

​Наргис бо шармандагӣ ва рухсораҳои сурхшуда аз ҳавлӣ баромад. Аммо дар даҳлез, вақте ки мерафт, бо як нигоҳи сиёҳ ба гаҳвораи тифл нигариста, дар дил аҳд кард: “Агар ту аз ман нашудӣ, Рустам, ман ин хонадонро ба хокистар табдил медиҳам”.

​Наргис мисли мори заҳрдор аз ҳавлии Рустам берун шуд. Нафрат ва ҳасади сиёҳ даруни дилашро фаро гирифта буд. Ӯ фаҳмид, ки дигар бо дурӯғу буҳтон дили Рустамро ба даст оварда наметавонад. Акнун дар дили ӯ танҳо як фикр мечархид: нест кардани тамоми хонадони Гуласал.

​Наргис ба хонааш баргашта, тамоми тиловории доштаашро ҷамъ кард ва рост ба назди як ҷодугари дигар рафт, ки дар канори шаҳр бо амалҳои сиёҳаш маъруф буд. Ӯ тамоми бойгариашро пеши пойи ҷодугар рехта, бо чашмони пур аз нафрат гуфт:

- Маро чизе лозим нест. Танҳо ҳамин тифл ва модарашро ба дами марг бикаш.

Ҷодугар пулҳоро дида, як шишача хоки сиёҳи қабристонро ба Наргис дод ва гуфт:

- Ин хокро ба остонаашон бипош.

​Ҳамон шаб Наргис боз ба хабаргирии апааш омад. Ӯ мехост хокро ба остона резад, аммо дар ҳамон лаҳза, вақте ки ба остонаи хона наздик шуд, дар даруни хона ҳодисае рух дод. Гуласал, ки писарчаашро ба оғӯш гирифта, хоб буд, ногаҳон дар хоб дид, ки як нури сафед тамоми хонаро фаро гирифтааст ва овозе ба ӯ мегӯяд:

- Гуласал, бедор шав!

​Гуласал саросема аз хоб бадор шуд. Дили модаронааш сахт хавотир буд. Ӯ оҳиста Рустамро бедор кард. Рустам дурбини назоратӣ (камера)-и ҳавлиро нигоҳ кард ва дар торикӣ сояи занеро дид, ки паси дар пайдо шуда буд. ​Рустам бо ғазаб дари ҳуҷраро кушод. Шишача аз дасти Наргис афтоду ба санги остона бархӯрда, кафид.

​Рустам ба ӯ нигариста, бо ҳақорат гуфт:

- Ту худатро бо оташи ҳасадат сӯзондӣ, Наргис.

​Дар як лаҳза ҳамсояҳо ва пулис ба ҷойи ҳодиса омаданд. Наргис, ки дигар чеҳрааш ва ақлаш аз тарсу ҷоду беҷо шуда буд, ба беморхонаи психиатрӣ интиқол ёфт.

​Пас аз ин шаби даҳшатбор ба хонадони Гуласал ва Рустам билохира оромӣ баргашт. Кирми ҳасаде, ки хонадони онҳоро мехӯрд, бо заҳри худаш нобуд шуд. Таҳминаву Наргис ҷазои аъмоли сиёҳи худро гирифтанд.

​Гуласал писарчаашро ба оғӯш гирифт. Рустам дасти занашро сахт фишурда, гуфт:

- Маро бубахш, Гуласал. Ин тифл ва ту равшании ҳаёти ман ҳастед. Дигар ҳеҷ ҷоду ва ҳеҷ ҳасад наметавонад моро аз ҳам ҷудо кунад.

​Дар ҳавлии онҳо бори аввал садои хандаи беғаши тифл ва суҳбати самимии зану шавҳар танин андохт.

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД