goodwell
Кирми ҳасад (ҚИСМИ 5)
210

Таҳмина ба воситаи дугонаҳояш ба ҷустуҷӯйи фолбинҳои номӣ баромад. Дарак ёфт, ки дар Фарғона чунин як фолбинзани зӯре бо номи Оламбӣ будааст. Гӯё ин Оламбӣ тамоми сеҳри кашмириро медонистааст.

Таҳмина “ба хонаи очаам меравам, ӯ бемор аст” гӯён, ба Фарғона сафар кард. Суроғаи он фолбинзанро ёфта, ба ҳавлияш даромад. Дари ҳавлӣ кушода буду қариб 70 нафар мунтазири навбаташон меистоданд.

Таҳмина аз дил гузаронид: “Аҳа, рост будааст, ки ин сеҳргари ҳақиқӣ аст”. Бо чанд нафар занону мардҳои навбат истода шинос шуда, пурсид, ки барои чӣ омадаанд. Яке гуфт, ки пойҳояш сахт дард мекард, ин зан табобат кард. Акнун барои он омадааст, ки зани дуюми шавҳараҳро ҷоду кунад, то дигар шавҳараш пеши ӯ наравад. Дигар зан чунин нақл кард: “Ҳамсояи ман барои он ки шавҳарашро танҳо ба худ ошиқу мутеъ созад, назди холаи Оламбӣ омад. Холаи Оламбӣ ба ӯ як гиреҳи сиёҳ ва хокистари махсус медиҳад, то ба хӯроки шавҳараш андозад. Ҳамсоязанам ин корро кард. Шавҳараш воқеан аз ақл бегона шуда, монанди як соя танҳо аз пайи занаш мегашт, аммо дигар он марди пурғайрат, боақл ва меҳрубон набуд. Ӯ ҳама корро партофта, бемор ва афсурдаҳол шуд. Ҳамсояам фаҳмид, ки ба ҷойи муҳаббати ҳақиқӣ, ӯ як инсони беақл ва берӯҳро соҳиб шудааст. ​Вақте ҳамсояам мехоҳад ин сеҳрро бекор кунад, апаи Оламбӣ мегӯяд, ки илми сиёҳро сохтан осон аст, аммо бекор кардани он имкон надорад. Шавҳари ҳамсояам солиёни дароз бемор мондааст. Барои ҳамин ин кас пеш аз кореро кардан ҷанг мекунанд, ки дигар пушаймонӣ суде надорад”.

Ба ин суҳбати онҳо ҷавонмарде, ки дар навбат меистод, ҳамроҳ шуда, гуфт: “Апаҳо, агар бо нияти касеро сеҳру ҷоду кардан омада бошед, аз роҳатон баргардед. Оқибаташ пушаймонист. Апаи Оламбӣ илми кашмириро дар Ҳиндустон омӯхтааст. Мегӯянд, ки барои омӯхтани илми кашмирӣ ӯ 40 рӯз дар ҷойи торик нишастааст. ​Касе, ки илми кашмириро меомӯзад, метавонад ҷинҳоро таҳти фармони худ дарорад, касро девона ё бемор кунад, ё миёни ду кас дилсиёҳӣ андозад. ​Касе, ки ба илми кашмирӣ даст мезанад, ҳеҷ гоҳ хушбахт намешавад. Барои табобат омада бошед, боке надорад”.

Ин дам Таҳмина зери лаб гуфт: “Ба ман ҳамин чиз даркор, ки байни Гуласалу Рустам ҷудоӣ андозам. Тифлашро таваллуд карда натавонад”.

Оламбӣ ӯро баъди қариб 9 соат, навбаташ ки расид, қабул кард. Ӯ ба Таҳмина нигариста, гуфт:

- Агар ба нияти ба касе зарар расонидан омада бошӣ, бидон ки баъд пушаймонӣ суде надорад.

- Медонам, апаҷон. Ба ман лозим, ки ин ду нафарро бо ҳам хунук кунед ва ин зани ҳомила мурда таваллуд кунад.

Ӯ аксҳои Рустаму Гуласалро пеши фолбин гузошт. Оламбӣ-хола як суратҳоро гирифту куфу суф карду сипас як каф хокистарро дод ва гуфт:

- ​Ин хокистарро пинҳонӣ дар остонаи хонаашон бирез, то аз болояш гузаранд. Ман ба ту як қуфли сурхи зангзада ва як шиша оби махсус медиҳам. Ин қуфлро ба номи онҳо маҳкам кун ва ба таҳи пули кӯҳна парто. Вақте қуфл баста шуд, дили онҳо низ ба рӯйи ҳамдигар баста мешавад. Обро бошад, ба ин зани ҳомила хӯрон. Фаҳмидӣ маро?

- Ҳо, фаҳмидам апаҷон.

- Ҳаққи хизматам 1000 доллар мешавад.

- Ин қадар қимат?

- Ин сеҳри сиёҳ аст, ба ман зарараш мерасад, барои ҳамин қимат аст. Ихтиёр дорӣ.

- Ман розӣ.

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД