goodwell
Кирми ҳасад (ҚИСМИ 3)
161

Рустам сар ба зер афканд. Ӯ шармсор шуда буд, аммо чизе нагуфт. ​Дар ҳақиқат, он шаб Рустам дар хонаи хоҳари Таҳмина - Наргис буд.

Наргис, ки ҳанӯз оташи рашку ҳасад дар дилаш аланга мезад, ба Рустам мегуфт:

- Ту маро ба ин духтари қишлоқӣ иваз кардӣ. Аммо ман бе ту зиндагӣ карда наметавонам.

Ва Рустамро бо ҳар гуна суханони ширин ва атри гаронбаҳояш маст мекард.

​Пас аз ҳодисаи мор Таҳмина дид, ки нақшааш кор надод ва Гуласал хонаро тарк накард. Баръакс, холаи Соро акнун Гуласалро бештар нигоҳубин мекард ва намегузошт, ки кори сангин кунад. Ин ҳолат оташи ҳасади Таҳминаро боз ҳам баландтар сохт.

​Шомгоҳон Таҳмина пинҳонӣ ба хоҳараш Наргис занг зад:

- Наргис, ин духтар дили ҳамаро ёфта истодааст. Холаам ӯро болои сараш мегузорад. Агар коре накунӣ, Рустам тамоман аз дастат меравад. Мо бояд кори дигар кунем, ки Рустам худаш ӯро талоқ диҳад.

- Апа, ман чӣ кор кунам?,- ашкрезон гуфт Наргис.- Рустам мегӯяд, ки Гуласал ҳомила аст ва ӯ наметавонад кӯдакашро партояд.

- Ба ман бовар кун, ман нақшае дорам,- гуфт Таҳмина маккорона.- Мо бояд дар дили Рустам тухми шубҳа корем. Маҷбур мекунем, ки фикр кунад ин кӯдак аз ӯ нест.

​Таҳмина ба нақшаи нави худ оғоз кард. Ӯ рӯзона, вақте Рустам дар кор буд ва холаи Соро ба хонаи хешонашон рафта буд, як ҷавони ҳамсояро бо баҳонаи кумак кардан барои бардоштани шифанери вазнини қуҷрааш ба ҳавлиашон даъват кард. ​Вақте он ҷавон дар ҳавлӣ буд, Таҳмина оҳиста телефонро гирифта, Гуласалро дар канори он ҷавон, ки танҳо ба ӯ оби нӯшиданӣ медод, аз дур акс гирифт ва тарзе сурат гирифт, ки гӯё онҳо хеле наздиканд.

​Шаб, вақте Рустам ба хона омад, Таҳмина дар даҳлез ӯро дошт ва гуфт:

- Рустамҷон, хотирам хеле парешон аст. Намедонам ба ту гӯям ё не. Ман намехоҳам зиндагии шумо халалдор шавад, аммо агар нагӯям, виҷдонам месӯзад.

- Чӣ шудааст, янга? Боз чӣ гап?,- пурсид Рустам бо нигаронӣ.

- Рӯзона, вақте очаам набуданд, Гуласал ин ҷавонро ба ҳавлӣ даровард. Ман бо чашмони худам дидам, ки онҳо чӣ тавр бо ҳам хандаву ҳазл мекарданд.

Рустам ба сурат нигоҳ карду чашмонаш аз қаҳру ғазаб сурх шуданд. Атрофи чашмонашро пардаи сиёҳи рашк пӯшид...

​Хун ба сари Рустам зад. Суратро дида, ақлу ҳуш аз сараш парид. Рашку ғурури мардонааш оташ гирифт. Ӯ ҳатто напурсид, ки он ҷавон кӣ буд ва чаро дар ҳавлӣ гаштааст.

​Рустам ба хонаи арӯс даромад. Гуласал, ки нав ҷойи хобро партофта, барои шавҳараш чойи гарм оварданӣ буд, бо табассум ба ӯ нигарист:

- Хуш омадед, мардак.

- Бас кун!,- фарёд зад Рустам ва даст ба рӯйи дастархон зад, ки пиёлаҳои чой ба замин афтода, шикастанд.- Ин намоишномаро бас кун, зани маккор!

​Гуласал аз тарсу ҳайрат як қадам ақиб рафт. Дастонашро ба шикамаш гузошта, бо чашмони пур аз ашк гуфт:

- Ба шумо чӣ шуд? Ба ман чаро ин хел нигоҳ мекунед? Ман чӣ гуноҳ кардам?

- Гуноҳ?,- Рустам телефонро ба рӯйи Гуласал андохт.- Ин кист? Дар набудани ман дар ин хона чӣ кор мекард? Шумо бо ҳам чӣ шиносоӣ доред, ки дар набудани падару модарам ӯро ба ҳавлӣ даровардӣ?

Гуласал телефонро гирифта, ба сурат нигоҳ кард. Дар сурат ӯ танҳо як пиёла оби хунукро ба ҷавони ҳамсоя, ки барои кумак ба ҳавлӣ омада буд, дароз мекард. Аммо сурат аз кунҷе гирифта шуда буд, ки гӯё онҳо ба ҳам хеле наздиканд.

- Ин ҷавонро янгаам худаш барои ёрӣ даъват карда буд. Ман танҳо ба ӯ об дароз кардам. Ба Худо қасам, ман ба ғайр аз шумо ба ҳеҷ марде нигоҳ накардаам.

- Дурӯғ нагӯ!,- Рустам дигар ба ӯ бовар кардан намехост, чунки васвасаи шайтон ва суханони Таҳмина дилашро сиёҳ карда буд.

- Кӯдаки батнат аз кист? Аз ман ё аз ин ҷавон?

​Ин сухан чун ханҷари заҳролуд ба дили Гуласал халид. Аз шавҳари дӯстдоштааш шунидани чунин туҳмати бузург дунёро дар чашмонаш сиёҳ кард. Ӯ дигар чизе нагуфт, танҳо як оҳи сард кашиду ба замин афтод ва аз ҳуш рафт.

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД