goodwell
Кирми ҳасад (ҚИСМИ 1)
111

Гуласалро падару модар ҳатто рози дилашро боре напурсида, ба як хеши ҳамсояашон, ки хостгорӣ омада буд, ба занӣ доданд. Гуласал ӯро ҳатто пеш аз тӯй надида буд.

Вақте рӯзи тӯй ӯ домодро бори аввал дид, аз зебогии ин ҷавонписар хурсанд шуд. Домод ҷавони қадбаланди зебои қошпайвандӣ буд. Гуласал бо як нигоҳ ошиқи шайдои шавҳараш шуд ва шукр кард, ки ҷавони зебо насибаш шудааст.

Гуласал аз шаби аввали арӯсиаш эҳсос кард, ки шавҳараш ҳам бо интихоби падару модар ӯро гирифтааст ва ҳатто расми собиқ дӯстоштаашро, ки хоҳари янгааш будааст, нишон дода, гуфт, ки “пеш аз ту бо ин духтар, ки хоҳари янгаам аст, ишқу ошиқӣ доштем, аммо падару модарам феъли ҷангарагии янгаамро дида, ӯро келин накарданд. Ман ӯро самимона дӯст медоштам, вале тақдир набудааст. Акнун ту зани манӣ, илтимос, ҳурмати падару модарамро ба ҷо биёр”.

Гуласал мижжаҳои дарозашро хам карда, бо аломати сукут сар ҷунбонд. Дар дилаш нисбати дӯстдоштаи шавҳараш рашк пайдо кард.

Субҳи солеҳон ӯ ба ҳавлирӯбӣ даромад. Келини калонии хонавода бо нафрат ба ин келинчаки нав нигариста, аз дил мегузаронид, ки “агар ин аҷинаро келин намекарданд, ин вақт хоҳари хушрӯйи ман келини ин хонавода буд. Ҳоло исто, ман ба ту зиндагиро нишон медиҳам, аз ин хона туро ман берун мекунам”.

Ӯ худро хеле меҳрубон нишон дода, гуфт:

- Келинҷон, хуш омадед, акнун кори хона ба шумо мемонад. Ман хеле хизмат кардам.

Гуласал рӯймолашро пеш кашида, мувофиқи таомул пеши ӯ се бор таъзим кард.

- Боракаллоҳ келин, равед субҳона пазед, ман оби таҳорати тағояму холаамро тайёр мекунам.

Гуласал эҳсос кард, ки келини хонавода ба ӯ бадбинӣ дорад. Аммо хусуру хушдоманаш даррав “ту духтари мо” гӯён меҳрубониаш мекарданд. Ин муносибати пурмеҳри онҳо дили арӯсро гарм кард.

Шаби савуми арӯсӣ домод ба хона наомад. Гуласал дилаш хавотир шуда, хоб аз чашмонаш парид. Ӯ ба рақами шавҳараш пайи ҳам занг зад. Аммо Рустам гӯширо нагирифту телефонро хомӯш кард.

Ӯ то нисфишабӣ роҳи шавҳарашро интизор шуд. Аммо аз ӯ дараке нашуд. Бо чашмони интизор ӯро хоб ғалаба карду хобаш бурд.

Шавҳараш субҳ омаду даррав либосҳояшро иваз карда, ба коргоҳ рафт. Рустам дар заводи шарбатбарорӣ муҳандис буд. Ба ҳамсараш дағалона гуфт:

- Нав се рӯз аст, ки арӯсӣ, аллакай маро назорат мекунӣ, ки куҷо будам. Дигар дар ин масъала маро напурс, фаҳмидӣ?

- Охир, хавотир шудам.

- Хавотир нашав, ман дӯст намедорам, ки зан мардро хӯҷаинӣ кунад. Фаҳмидӣ? Дигар такрор намекунам.

- Майлаш.

Гуласал аз рашк месӯхт, ба дилаш меомад, ки шавҳараш бо дӯстдоштааш буд, чунки куртаи сафедаш бӯйи атри гаронбаҳо мекард. Аммо аз тарс чизе нагуфт.

Шавҳараш дар як ҳафта се шаб дар хона набуд. Вақте ӯ намеомад, янгааш ба Гуласал истеҳзоомез нигариста, мегуфт:

- Зиқ нашав, янга, мардаки бедил ҳамин аст.

Боре қаҳри Гуласал омаду гуфт:

- Ӯ шавҳари ман аст, куҷое равад, боз гашта пеши ҳамсари ҳалолаш меояд!

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД