Кадом шаҳрвандон мувофиқи қонун васиёни кӯдакони ноболиғ шуда наметавонанд?
Абдулло, шаҳри Ваҳдат
Мувофиқи қонун танҳо шахсони болиғи қобили амал васӣ ва парастор таъин шуда метавонанд. Шахсони зерин васӣ ва парастор таъин шуда наметавонанд:
- шахсоне, ки аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум шудаанд:
- шахсоне, ки қаблан кӯдакро ба фарзандхондӣ қабулкарда, агар фарзандхондкунӣ бо сабаби номатлуб иҷро кардани ӯҳдадориҳояшон бекор карда шуда бошад;
- шахсоне, ки бо сабаби номатлуб иҷро кардани ӯҳдадориҳояшон аз вазифаи васӣ ё парасторӣ озод карда шудаанд;
- шахсони мубталои майзадагӣ ва нашъамандӣ, инчунин шахсоне, ки вобаста ба вазъи саломатӣ наметавонанд ӯҳдадориҳояшонро оид ба тарбияи кӯдак анҷом диҳанд.