Arzon march 2024
КИҲО ИМКОНИЯТИ ТАҲСИЛ ДАР ИН МАКТАБРО ДОРАНД?
954

Осим Каримзода, сардори Идораи маорифи вилояти Суғд, мегӯяд, сохтмони мактаби муосир аз ҷониби Русия дар шаҳри Хуҷанд ба наздикӣ оғоз мешавад.
Каримзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, барои бунёди мактаби муосири русӣ дар маҳаллаи 8-уми шаҳри Хуҷанд қитъаи замин ҷудо шудааст.

Ӯ афзуд, рӯзҳои наздик корҳои сохтмонӣ шурӯъ мешавад.
“Ҳоло ҳамаи корҳои ободонӣ ва ҷудо намудани қитъаи замин ва ҳуҷҷатгузориҳо омода шудааст ва рӯзҳои наздик корҳои сохтмонӣ оғоз меёбанд”, - гуфт Каримзода.
Cохтмони мактабҳои русӣ дар панҷ шаҳр - Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода дар назар аст.
Осим Каримзода мегӯяд, мактабҳое, ки аз ҷониби Федератсияи Русия бунёд мешаванд, дорои шароити комили таълимӣ буда, барои хонандагону омӯзгорон сохтмони хобгоҳ ҳам дар назар аст.
Манбаъ афзуд, интизор меравад, ки дар ин макотиб омӯзгорон аз Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ба кор гирифта мешаванд. Хонандагон аз тамоми шаҳру навоҳии кишвар тибқи озмун қабул карда мешаванд.

Манбаъ: Спутник.тч

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД