arzon replenishment
Хусуру хушдоманро барои худкушии келин ҷазо медиҳанд
07.12.2023
ОИЛА
1238


Дар пайи худкушии як ҷавонзани 33-солаи сокини ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд хусуру хушдоманашро ба ҷавобгарӣ мекашанд...

Дар Суғд як зану шавҳари калонсолро барои ба худкушӣ расонидани арӯси хонадонашон суд мекунанд. Тавре ки Вазорати корҳои дохилии кишвар иттилоъ додааст, нисбати мариди 65-сола ва зани 63-сола, ки ҳарду сокинони ноҳияи Деваштич мебошанд, барои расонидани шахс ба худкушӣ бо қисми 2-и моддаи 109-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст.

Гуфта мешавад, ки гумонбаршавандагон аз соли 2021 инҷониб нисбати келинашон суханҳои кабеҳ гуфта, пайваста шаъну шарафи инсонии ӯро пайваста паст мезадаанд.

Дар натиҷа ҷони ҷавонзани 33-сола ба лабаш расида, рӯзи 17-уми ноябри соли равон, тахминан соатҳои 11:10 дақиқа, дар манзили истиқоматиаш худро ба дор овехтааст
Тафтиши сабабҳои дигари ҳодиса аз ҷониби мақомот идома дорад.
Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД