Салом ба сомонаи “Оила”. Ман як зани дар мушкилӣ мондаам ва мехоҳам аз хонандагони сомона маслиҳат пурсам, зеро дар байни роҳ мондааму чӣ кор карданамро намедонам.
Ман аз шаҳри Вахдат буда, як духтарча дорам. Давоми чор сол мешавад, ки зиндагиамро бо мушкилӣ мегузаронам, зеро хушдоманам ба оилаамон бисёр дахолат мекунад.
Ростӣ, ӯ шабҳо бо ману шавҳарам мехобад. Шармовар он аст, ки рӯзи дароз тамоми корҳои шабонаро ба ҳама нақл мекунаду ҳатто ба ҷойгаҳи хобам низ кор дорад. Хусурам аз хушдоманам бадтар аст. Мо зану шавҳар ҳамдигарро дӯст медорему муносибати хуб дорем, аммо аз дасти хушдоман лаззати зиндагиро намебинем. Аллакай асабҳои ҳам ману ҳам шавҳарам монда шудааст, зеро ман ҳанӯз ҷавонзани 23-солаам.
Шавҳарам то андозае аз модараш метарсад, ки дар назди ӯ на ҳамроҳи ман ва на ҳамроҳи духтараш гап намезанад. Чандин бор ба ӯ пешниҳод кардам, ки ба иҷора кӯчем, вале азбаски писари ягона аст розӣ шуда наметавонад. Ман ҳоло дар хонаи модарам буда, намехоҳам ба он хона баргардам.
Пештар хушдоманам маро чанд маротиба аз хона пеш ҳам карданд, аммо шавҳарамро сахт дӯст медорам. Хушдоманам ҳамеша мегӯяд, ки духтарамро гирифта, маро дафъ мекардааст. Агар хушдоманам бемор шавад, хусурам таҳдид мекунад, ки айби ман аст ва минбаъд ба занаш чизе гӯям, каллаамро мегирад. Ман бисёр метарсам, ки ба хонаашон баргардам. Хоҳиш мекунам, ба ман маслиҳат диҳед.