Formula novemver 2024
Хусури занкалонамро дида, зиқ мешавам
985

 

Ману занам якдигарро дӯст дошта, оиладор шудем. Аз рӯзи аввал хушдоманам бо ман меҳрубон асту зиндагиамон ҳам тинҷу осуда равон аст. Ягона чизе, ки маро ба андеша мебарад, ин муносибати хушдоманам бо падарарӯсам аст.

Гап сари он аст, ки хусури ман аз занаш қади аҷал метарсаду бе иҷозати ӯ як қадам намемонад. Ҳар вақте дар хонаашон меҳмон шавем, хушдоманам бе танаффус гап мезанаду хусурам бошад, хомӯшона сухани занашро гӯш мекунаду сар меафшонад.

Азбаски дар оилаи мо падару модарам якдигарро ҳурмату эҳтиром мекунанду боре ба сари якдигар садо баланд намекунанд, бо дидани чунин муносибати зану шавҳар ба даҳшат меоям.

Вақтҳои охир дигар поям намекашад, ки ба хонаи онҳо равам, барои ҳамин баҳонае ёфта, занамро танҳо ба хонаашон равон мекунаму худам намеравам. Мегӯянд, ки “модар чӣ гуна, духтар намуна”, ман ҳам метарсам, ки хушдоманам дар оянда ба зиндагии мо дахолат карда, духтарашро мисли худаш бефаросат накунад.

Ростӣ, агар қаблан медонистам, ки модари занам чунин хислат дораду ба қавле ба сари шавҳараш зӯр аст, ҳеҷ гоҳ духтарашонро ба занӣ намегирифтам!

Н. Т.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД