Салом хонандагони “Оила”. Ман ҳам замоне келинчак будам. Хушдоману авсунам саҳар ба кор мерафтанду бегоҳ дер меомаданд.
Баъзан саҳар авсунам хамир мекарданду бегаҳ хушдоманам онро мепухтанд. Ман келини якмоҳа будам, як рӯз хамир дам карда, аз сатил рехт. Чанд маротиба мушт карда мондам, вале боз рехт. Дар хона танҳо ману хусурам будем.
Рафта, ҳолати хамирро ба хусурам гуфтам. Он кас ба ман фармуданд, ки сару рӯямро бо рӯймол баста, ба нонпазӣ тайёр шавам. Ҳамроҳ дар танӯр алов кардем. Хамирро зувола кардам, 18 дона шуд, вақте танӯр тасфид, хусурам нонбандиро ба ман нишон доданд. Ҳамин тавр, аз 18 дона нон танҳо 6 донааш дуруст шуда, боқимонда каҷу килебу ба хокистар афтиданд.
Хусурам гуфтанд, ки нонҳои хушрӯйро рӯйи дастурхон гузору безебашро пинҳон кун. Бегоҳ хушдоманам нонҳои калон- калони хушрӯро дида, хурсанд шуданду “нон кам шудааст дия” гуфтанд.
Баъд келину хусур нонҳои каҷу килебро шикаста, номаълум карда, ба нондон мемондему хушрӯяшро нашикаста нигоҳ медоштем. Хушдоманам ҳайрон мешуданд, ки чӣ хел 6 дона нон ҳеҷ тамом намешавад.
Хусурам шӯхӣ карда мегуфтанд, ки “6 то нони бобаракат будааст, барои ҳамин тамом намешавад”. Ҳамин тавр, нонпази моҳир шудаму додаршӯям фатирҳои ҷаззагину равғанини маро дида, "келин, ман бароятон якто нонвойхона кушода медиҳам" мегуфт. Аз он рӯзҳо 10 сол сипарӣ шуданд, ман ҳам ба кори давлат баромадаму ҳоло аз субҳ то шом дар ҷои кор ҳастам.
Ҳоло намедонам, ки нон пухта метавонам ё не, лекин ману хусурам ҳоло ҳам он рӯзҳоро ба хотир оварда механдем. Хушдоманам то ҳол сирри зиёд шудани нону аз 5 дона кам нашудани онро намедонанд.
Х. Х.