Arzon march 2024
Хусрав Шукуров: Таронаҳоям аз дарду доғи мардуманд
13.12.2024
ОИЛА.ТҶ
533

Хусрав Шукуровро мардуми мо маҳз бо сурудҳои ғарибӣ ва беморӣ шинохтаанд. Ӯ дар мавзӯи “Ғарибӣ” яке аз беҳтарин таронасароҳост. Дарди дили ҳазоронро пайдо карда, ҳис намуда, ба хоҳиши онҳо месарояд. Мо бо ӯ доир ба санъату ҳунар ва қадамҳои устувораш дар ин ҷодаи мушкил суҳбат кардем.

- Асосан, барои он ки меҳри ҳунару санъат дар диле ҷой ёбад, ҳатман касе сабаб мешавад. Бигӯед, кӣ сабаб шуд, ки шумо ба дунёи ҳунар қадам мондед?

- Дуруст қайд кардед. Меҳри санъатро дар хурдӣ модарам ба дилам ҷой карданд ва ҳанӯз дар синни 6-солагӣ маро ба мактаби мусиқӣ дохил намуданд, ки он ҷо ба омӯзиши навохтани дутор машғул шудам.

- Мегӯянд, ки барои санъаткор шудан бояд санъаткор таваллуд шуд, яъне истеъдоди Худододӣ бояд дошт. Чӣ гуна дарк кардед, ки шумо истеъдод доред?

- Фикр мекунам, истеъдоди маро дар аввал модарам дарк кардам, ки маҳз онҳо тасмими дар мактаби мусиқӣ таҳсил карданамро гирифтанд. Пасон, фикр мекунам, истеъдодро Худо медиҳад ва худи ҳунарманд вақте инро мефаҳмад, ки сурудҳояшро мардум пайваста гӯш мекунанд, ба консертҳояш меоянд ва маҳсули эҷоди навашро интизор мешаванд.

- Таҳсили шумо дар соҳаи санъат дар умум чанд сол буд?

- Тавре гуфтам, дар аввал дар Мактаби бачагонаи шаҳри Бохтар таҳсил кардам. Соли 2010 бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Мактаби мусиқии бачагонаи ба номи Миратулло Атоеви шаҳри Душанбе дохил шудам. Баъди хатми он ҷо ба Консерваторияи миллӣ ба номи Талабхӯча Сатторов шомил шуда, бо дипломи сурх хатм кардам. Ҳоло бошад, расман корманди бахши фарҳанги ноҳия мебошам.

- Сароянда будан душвор нест?

- Албатта, душвор аст. Дар асл, сароянда шудан душвор нест, зеро таҳсил мекунӣ ва аз устодон нозукиҳои ин пешаро меомӯзӣ, аммо ҳамчун сароянда солҳои зиёд шинохтаву маҳбуб гардидан хеле душвор аст ва на ҳар кас чунин шуда метавонад. Сароянда то вақте зинда ҳаст, ки сурудаш шунаванда дорад.

- Шумо бештар сурудҳои ғамангез ва аз ғарибӣ, васфи модар, бемодарӣ, зиндагии талх ва ғайраҳо месароед. Чаро чунин сурудҳоро интихоб мекунед?

- Фикр мекунам, ки мавзуъҳои интихобкардаам доғи рӯз ҳастанд. Яъне, ин гуна таронаҳо шунавандаи худро доранд. Аз ҳама муҳим, маро мухлисонам маҳз бо чунин сурудҳо шинохтанд ва қабул карданд.

- Сурудҳоятон ба зиндагии шахсиатон дахл доранд?

- Бисёриҳо фикр мекунанд, ки ман қаҳрамони ҳама сурудҳоям ҳастам, аммо ин тавр нест. Шукри Худо, модарам дар канорам ҳастанд ва мутаассифона, падарамро як сол мешавад, ки аз даст додем. Зиндагиам хуб аст ва таронаҳоям аз дарду доғи мардум ҳастанд.

- Чанд сол пеш сарояндаи хуби мо Наимҷони Сайдалӣ бо чунин мазмун суруд мехонд, оё шумо он касро дида, ин самтро интихоб кардед?

- Бале, дар соҳаи сарояндагӣ ман самти Наимҷони Сайдалиро интихоб кардам. Фикр мекунам, мухлиси ашадии он кас ман ҳастам ва то ин ҷониб ба ӯ пайравӣ мекунам. Мехоҳам қиссаеро нақл кунам, ки ба фикрам ҷолиб аст. Вақте ки дар мактаби мусиқӣ таҳсил мекардам, мехостам бо Наимҷони Сайдалӣ вохӯрам. Чун он замон ман дутор менавохтам, Наимҷони Сайдалӣ маро барои дуторнавозӣ дар як сурудаш даъват кард. Ҳамин тавр, вақте дидам, ки ӯ ба назди ман омада истодааст, зуд аз ҷоям ҷаста хестам ва бо як пойафзол давида ба наздаш рафтам. Он кас бисёр инсони хуб, хоксор хушмуомила ва дар касби худ содиқ ҳастанд. Шукр, ҳоло ҳам дӯсту бародарем, ҳам ҳамкор ва ҳам хешу табор.

- Аз оне ки сурудҳои ғамгинӣ месароед, наметарсед, ки дарду доғи мардумро зиёдтар мекунед ё фикр доред, ки ин сурудҳо ба дардҳои онҳо малҳам мешаванд?

- Сурудҳои ман интихоби шунавандаҳост. Фикр мекунам, ки дарди онҳоро зиёд не, балки то андозае сабук мекунанд. Бовар мекунед, баъзан аҳли оилаам низ бо шунидани сурудҳоям ашк мерезанд.

- Сурудҳои шумо дар интернет шунавандаи зиёд доранд. Масалан, суруди "Ғарибӣ"-атон бо Файзигул Юсупова зиёда аз 8 миллион тамошобин дорад. Ба фикри худатон сабаби ин қадар таваҷҷуҳи зиёд чист?

- Сараввал бояд бигӯям, ки Файзигул Юсупова аз ҷумлаи ҳунармандони маъруфу маҳбуб ва дилбохтаи касби худ ҳастанд. Он касро дар кишвари мо хеле зиёд дӯст медоранд ва қадр мекунанд. Суруди якҷояи мо шунавандаи зиёд пайдо кардааст ва агар як сабабаш ҳузури Файзигул Юсупова бошад, пас, сабаби дигараш мавзуъ ва мазмуни он мебошад.

- Чаро худатон дар Ютуб саҳифаи шахсӣ надоред ва сурудҳоятон дар саҳифаҳои гуногун нашр мешаванд?

- Сурудҳоям аввал дар саҳифаи "Панҷшер медиа" нашр мешуданд ва чор соли охир танҳо дар саҳифаи Наимҷони Сайдалӣ пахш мешаванд. Аммо мутаассифона, боз ҳастанд саҳифаҳое, ки онҳоро дӯздида нашр мекунанд.

- Ният надоред, ки сурудҳои шӯх бихонед?

- Чунин нақша дорам ва ҳатман мехонам.

- Ба фикри шумо суруди хуб чӣ гуна бояд бошад?

- Ба фикри ман, суруди хуб ҳамонест, ки шунаванда хуб қабул мекунад.

- Бо кадом шоирон ва оҳангсозон ҳамкорӣ мекунед?

- Аз шоирон бо Сироҷи Абдулло ва аз оҳангсозон бо Муроди Иброҳим.

- Санъат ба шумо чӣ дод ва аз шумо чӣ гирифт?

- Санъат ба ман аввалан зиндагии хуб, ҳамсари хуб дод. Сипас, ёру дӯстони зиёду мухлисони бешумор дод. Шукр, аз ман чизе нагирифтааст, ба ҳама додаҳояш шукр мегӯям.

- Ба фикри шумо ҳоло санъати тоҷик дар кадом сатҳ қарор дорад?

- Санъати тоҷик айни замон дар сатҳи олӣ қарор дорад. Таваҷҷуҳ ба санъаткорон хеле зиёд аст. Яке аз дастгириҳои арзанда дар ин самт таъсиси Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” мебошад, ки хушбахтона, ман иштирокчӣ ва ғолиби ҷойи дуюми ин озмуни бонуфуз ҳастам. Ҳамчунин, дар озмунҳои берун аз кишвар ҳам иштирок кардаам, аз ҷумла дар Туркия, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва ғайраҳо.

- Чанд рӯз пеш суруди нави шумо бо номи "Фарзанди падар" нашр шуд. Доир ба тавлиди ин суруд ба мо маълумот дода метавонед?

- Идеаи худам, муаллифи матн Сироҷи Абдулло ва оҳанги Назуршоҳ мебошад, ки ҳамроҳи сарояндаи ҷавон Муқадасхон сароидем.

- Оё нақшаи ташкил кардани консерти яккаи худро надоред?

- Албатта, дорам. Дар соли 2025 нақшаҳо зиёданд ва яке аз онҳо ташкил кардани консертам дар Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев мебошад.

- Ба ҷуз сарояндагӣ боз ба кадом корҳо машғул ҳастед?

- Ба тиҷорат.

- Ташаккур барои суҳбат.

- Саломат бошед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД