formula
Хушхабар: Гулбаҳору модараш аз коронавирус шифо ёфтанд!
2711

Гулбаҳор Шокирова, овозхони хушсадои ансамбли  “ШАШМАҚОМ”, ки 14 рӯз қабл бо ташхиси бемории пневмония ба беморхона афтида буд, имрӯз баъди бо кӯмаки табибони ҳозиқ пурра шифо ёфтан, ба хонааш баргаштааст. Дар ин бора сароянда дар саҳифаи фейсбукии худ хабар дода ба мухлисонаш минатдорӣ изҳор намудааст.

“Бо модарам муддати 8 - 10 рӯз худро сахт бемор ҳис мекардем. Моро набудани иштиҳо, баландшавии ҳарорати бадан, бо душворӣ нафас кашидан, беҳаракат мондан ва бемадории умумӣ азият медод. Бо зиёдшавии ин шикоятҳо ба Маркази саломатии шаҳрии рақами 9 дар шаҳри Душанбе муроҷиат кардем. Пас аз муоина моро бо мошини ёрии таъҷилӣ ба беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор оварданд. Мо бо ташхиси бемории сирояти шадиди роҳҳои нафас, равиши миёна бо оризаи илтиҳоби шушҳо табобат гирифтем.
Табибон Ашӯров Беҳрӯз, Шоев Саидҷон моро табобат намуданд. Ҳамшираҳои шафқат Тағоева Мавлуда, Хоҷаева Соҷида, Алиева Хислат, Ҷабирова Адолат бо навбат ҳамеша дар паҳлӯи мо буданд. Ҳамарӯза се маҳал моро бо хӯроки парҳезӣ, қисман бо дорувориҳои зарурӣ ба таври ройгон таъмин намуданд. Суханони тасаллибахши табибон ва меҳрубонии ҳамшираҳои шафқат боис гашт, ки саломатии мо зуд рӯ ба беҳбудӣ ниҳод.
Ҳоло пас аз ба хона ҷавоб шудан, зери назорати табиби оилавӣ Мамадҷонова Саёҳат Неъматҷоновна ва ҳамшираи шафқат Дилбар Кучибойзода қарор дорем. Аз хубиҳои кардаи табибони номбурда сипосгузорем. Дастатон ҳаргиз дардро набинад шифокорони азиз!
Аз ҳамаи ононе, ки барои шифо ёфтани ману Модарам дуои хайрхоҳона доштанд, ҷовидона сипосгузорам”-навиштааст овозхон.

Имрӯзҳо бемории коронавирус тамоми сокинони кишварро ба таҳлука овардааст. Барои пешгирӣ аз ин вабо ҳар як шахс бояд қоидаҳои гигиениро риоя намуда, аз ниқобу дастпӯшакҳои тиббӣ истифода кунад ва дар ҷойҳои серодам гаштугузор накунад. Саломатии ҳар як шахс дар дасти худаш аст. Бинобар ин, худу наздиконатонро эҳтиёт намоед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД