sebiston july new
ХУШДОМАНУ ХОҲАРШӮЯМ ХУНАМРО МЕМАКАНД
28.09.2020
Р. Азимӣ
4330

 

Ман як келини аз ҷабри хушдоман ба ҷон расидаам. Дардамро танҳо худам медонаму Худованд. Рӯзе нест, ки бе ягон гуноҳ зери борони ҳақорати хушдоман намонам. Ин кампири шаттоҳ на гӯри падарамро мемонад, на модару ҳафт пушти гузаштагонамро ором мегузорад.

Қайсингилҳоям низ аз модарашон монданӣ надоранд ва бо туҳмату бадгӯӣ ба болои лахчаи ғазаби кампир бензин мерезанду рӯзи маро ба шаби тор табдил медиҳанд. Ҷонам аз дасти ин очаю духтарҳои серҷоғ ба лабам расидааст. Як рӯз намаки хӯрокро баҳона карда бо ман ҷанг мекунанду рӯзи дигар нону чойро, фардо бошад, боз ягон баҳонаи нав ёфта, маро гирён менамоянд. Хоҳарони шавҳарам чунон танбал ҳастанд, ки ҳатто обашонро худашон хеста наменӯшанд. “Янга инро биёр, янга ин корро кун, янга ягон курта ё рӯймоли ман дар куҷост”,- гуфта аррос заданашонро шунида, девона мешавам, вале ҷуз иҷро кардани ҳама амру фармони ин “шоҳдухтарҳо” дигар чора надорам.

Ростӣ, аламам меояд, охир ман дар ин хонадон келин ҳастам, на канизу ғулом, пас чаро бо ман чун бо хизматгор муносибат мекунанд?! Танҳо ман не, ду фарзандам ҳам аз дасти аммаҳои ҷаккокашон ба ҷон расидаанд. Бачаҳоямро “рӯсиёҳ ” ва “падарлаънат ” гуфтани хоҳарони шавҳарам мисли корд ба дилам мехалад, чунки дар оилаи мо, яъне дар хонаи падарам касе чунин суханони зиштро ба забон намеовард. Қайсингилҳоям чунон бераҳм ҳастанд, ки ягон кори фармудаашонро андак дертар иҷро кунам, маро зери мушту лагад мегиранд. Хоҳаршӯйҳоям маро чунон аз зиндагӣ безор кардаанд, ки мехоҳам аз шавҳарам ҷудо шуда ҷони озордидаамро халос кунам, вале андешаи ояндаи кӯдаконамро карда, астағфируллоҳ мегӯям.

Намедонам бо ин модару духтарҳои келинозор чӣ кор кунам. Як бору ду бор мешуд, сабр мекардам, вале қариб ҳамеша аҳвол ҳамин аст. Хушдоманам дишаб ҳам кинои бе пул дода барои даҳ дақиқа дертар пухтани хӯрок дегро аз рӯйи оташ гирифта ба сарам ҳаво дод.

Хайрият, ки сари вақт гурехтам, вагарна сӯхта мемурдам. Хушдоманам кафгири дар замин афтидаро бардошта ҳақораткунон аз пасам тохт. Ҷонҳавл ба тарафи хонаи ҳамсоя давидам. Хайрият, ки чанд ҳамсоя пеши роҳашро гирифтанд, набошад ин кампири ҷаллод маро зада мекушт. Шавҳарам маро тасаллӣ дода мегӯяд, ки тоқат кунам, ҳамааш хуб ва хушбахт мешавем, вале охир кай фаро мерасад ҳамон рӯзи хушбахтӣ? Мехоҳам хонандагони “Оила” ба мани дар чорсӯи зиндагӣ дармонда мадад расонанд. Илтимос, маслиҳатам диҳед, чӣ кор кунам?

Ҳусния, хонандаи «Оила»

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД