arzon replenishment
Хушдоманкуш Қисми 4
1921

Зиндадаргӯр

Зартоҷ бо дидани симои ваҳшатангези кӯдакаш аз вай даст кашид, аммо Камолҷон кӯдакро баъди як моҳ аз беморхона ба хона бурд. Зартоҷ ман бо ин урод дар як хона намемонам гуфта, ду пояшро ба як мӯза тиқконд, ки барои ӯ аз маркази ноҳия хона харад. Камолҷон ҳамин тавр ҳам кард, дар маркази ноҳия ҳавличаи зебоеро харидорӣ намуда, ба Зартоҷ бахшид. Ҷавонмард дар ҳавлии калону барҳавои худ бо кӯдаки бемораш танҳо монд, як моҳи аввал Соҳиба ба вай кӯмак мекард, баъд хушдомани Соҳиба як зани бе касу кӯеро ёфта, ба доягии Қудратулло писараки маъюби акаи келинаш киро кард. Мавҷударо шавҳараш барои безурётӣ аз хона ронда, бародару янгааш низ қабулаш накарданд. Ҷавонзани сиёҳбахт рӯзона саҳни беморхонаро рӯфта, шабона дар анборхона мехобид, хушдомани Соҳиба аз рӯйи раҳм ба вай гоҳ-гоҳ кумакҳои пулию молӣ мекард. Мавҷуда тайёр буд, ки ба ивази як пора нону ҷойи хоб писари маъюби Камолҷонро нигоҳубин кунад, аммо ҷавонмард ба вай маоши арзанда низ ваъда кард. Зартоҷ бошад, бо нозу нузаш ҷони шавҳарро ба лаб оварда буд, ӯ бо дастони хунчаконаш ба вай занг зада, талаби пул мекард, хабари барои писараш доя гирифтани шавҳарашро шунида, девона шуда буд.

-Ту доя гуфта, ба хона зан овардаӣ, бо ман ҳамхобагӣ намекунӣ. Камолҷон аз ин ҳама ба дод омада, назди хусуру хушдоманаш рафта гуфт:

- Духтари шумо бемор аст, ман танҳо писараки маъюбамро уҳда карда наметавонам. Дояро аз рӯйи маҷбурият гирифтам, духтаратонро насиҳат кунед, ман ҳама корамро монда, ҳамроҳи ӯ хонашин шуда наметавонам.

Хусуру хушдоманаш пеши Камолҷон шарт монданд, ки онҳо ба ивази маоши ҳармоҳа метавонанд духтарашонро то шифо ёфтанаш нигоҳубин намоянд. Хусуру хушдоманаш боз маслиҳат доданд, ки фарзанди маъюбашро ба хонаи кӯдакони маъюб супорад. Хусуру хушдоманаш ба ваъдаашон вафо карданд, акнун ҳар моҳ аз домодашон маош гирифта, дар ҳавлии Зартоҷ бо ӯ мезистанд. Хӯрду хӯрок ва давоҳои Зартоҷро низ Камолҷон таъмин мекард.

Ҷазои Худо

Бо омадани Мавҷуда хонаи Камолҷон аз нав ба хонаи одам монанд шуд, ин зани меҳнатӣ ғайри нигоҳубини кӯдаки бемор боз ҳамроҳи хизматгорзанак аз оби хона даромада, аз оташаш мебаромад… Қудратулло яксола шуда фавтид, зеро ғайри ноқисии зоҳирию ақлонӣ боз дилаш низ бемор будааст. Мавҷуда, ки бо ин тифлаки маъзул дил баста буд, хун мегирист. Баъди чанд рӯзи вафоти кӯдак, хусуру хушдоманаш хабар оварданд, ки Зартоҷ аз ақл бегона шудаасту ӯро ба беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ мебаранд. Камолҷон ду соли дигар занашро табобат кард ва дар ҳамин ду сол Мавҷуда Зартоҷро доягӣ мекард, чун беморияш хурӯҷ мекард, зан мисли дарандаи ваҳшӣ ба Мавҷуда дармеафтод, рӯю мӯяшро меканд бо дастони хуншораш. Чун ба худ меомад, бахшиш мепурсид. Ҳамаи ин кам буд, ки дастони обилазори Зартоҷ ба пӯсидан оғоз карданд, табибон аввал як даст, баъд дасти дигарашро то оринҷ буриданд. Баъди шаш моҳ захмҳо дастонашро то китф фаро гирифтанду Зартоҷ аз пой монд ва як рӯзи барфбоди зимистон ҷони пуразобашро ба ҷонофарин дод…  

                             Фариштаи бахт

Мавҷуда баъди додани оши чили Зартоҷ ба Камолҷон гуфт:

-Хӯҷаин, ҳазор раҳмат барои он ки маро ба хонаатон роҳ додед, ман аз ҳисоби шумо хӯрдаю пӯшида, маоши додаатонро ҷамъ кардам, дар ин дунё аз касе боварӣ надорам, аз ин рӯ, аз шумо хоҳиш мекунам, ки бо ҳамин пул бароям як кулбачаи хоксорона харида диҳед. Худо ба шумо баракат диҳад…

Камолҷон тӯли ин солҳо ба ин ҷавонзани фариштахӯ, хоксор ва меҳнатӣ одат карда буд ва дар ҷавоб гуфт:

- Мавҷудаҷон, ту дар тамоми пастию баландии зиндагӣ бо ман будӣ, писари маъюбамро, ки ҳатто дар бадани худам аз диданаш рашъа медамид, модарвор нигоҳубин кардӣ. Ҳатто баъзан пинҳон шуда, муносибати туро бо ӯ тамошо мекардам, ту бо меҳр Қудратро бӯса мекардӣ, дастакони маъюбашро маҳс менамудӣ… Чанд соли дигар бо Зартоҷ девонабозӣ кардӣ, дар ҳолатҳое, ки хешу табору волидонаш аз вай рӯ гардонданд, ту ӯро танҳо намондӣ, агар розӣ бошӣ, ҳамсару ҳамтақдири ман шав, чизе аз қисмат ояд, бо ҳам мебинем. Пас аз чанд рӯз Камолҷону Мавҷуда маъракачаи хурде ороста, зану шавҳар шуданд, дар никоҳи онҳо Соҳиба бо шавҳарашу волидони ӯ ширкат доштанду халос. Баъди тӯй Соҳиба Мавҷударо ба бозор бурда, барояш сару либосу зару зевари зиёде харид, ба нею нестонаш намонда, ӯро ба «кошонаи ҳусн» ҳам бурд. Акнун Мавҷуда ба бонуи нозанине мубаддал шуда буд, Соҳиба шӯхиомез ба акааш гуфт, ки янгаамро шинохтӣ ё не? Камолҷон ҷиддӣ гуфт, ман янгаатро барвақт шинохта будам...

Имрӯз Камолҷон яке аз сарватмандони кишвар ба ҳисоб меравад, ба хотири шодии арвоҳи модарашу писараки нокомаш хайри зиёде мекунад. Мавҷуда барои ин марди сахию дарёдил ду писару ду духтари нозанин тавлид намуда, сари ӯро ба осмон расонид. Аҷаб таззодҳое дорад зиндагии инсонӣ….

                                                                            Рухсора Саид

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД