Ниқоби афтида
Холаи Салима аз шиддати қаҳр намедонист чӣ кор кунад, аввал хост ин ҳамаро ба писараш нақл кунад, вале боз андеша кард. Рӯзи дигар холаи Салима ҳамроҳи Камолҷон ба бозор рафта, аз ҳамон намуди матоъҳо харида, барои духтараш курта дӯзонда бурд. Зартоҷро ин амали хушдоман девона карду худро дошта натавониста гуфт:
- Хайр шарт буд боз ҳамин гуна либос харидан, пули бесоҳиб-да…
-Аввал ин ки ту ҳоло ҳаққи гуфтани ин гапҳоро надорӣ, дуввумаш ман медонам чӣ кор кунам.
-Фаҳмидам, худатон медонеду лекин бечораи Камолҷон шабу рӯз кор мекунад…
-Ман ҳам шабу рӯз кор карда, фарзандонамро боло бардоштам, акнун онҳо хизмати маро мекунанд, ту хап гард,- гуфт дар посух холаи Салима, ки аз берӯии келини сатрбанду намозхон ва «Қуръон»-хонааш дар ҳайрат буд.
-Писари шумо буд, шавҳари ман шуд, -гуфт бо зарда келин ва дарро тараққосзанон пӯшида берун баромад. Ҳамон шаб то дер хоби холаи Салима набурд, ӯ гоҳ мегиристу гоҳи дигар ба андеша фурӯ мерафт… Нимаҳои шаб келинаш додзанон аз хона берун шуду кампир ҷонҳавл хеста берун баромад, ӯ базӯр Камолҷонро, ки беист занашро бо лагад мезад, ором намуда, онҳоро ба хонаашон даровард.
-Писарам, ту маро назди дӯсту душман шарманда мекунӣ, наход шаҳу арӯси ҳафтмоҳа ин қадар доду вой бардоранд,- гуфт бо гиря холаи Сабоҳат. Камолҷон дар ҷавоб гуфт:
-Очаҷон, худи пагоҳ ман ин манҷалиқиро ба хонаашон бурда, ҷавобашро медиҳам, зеро ӯ ту ва хоҳарамро ҳақорат дод. Ӯ мегӯяд, ки беваи очаат ҳамаи пулҳои туро сарфи хоҳари ҷалабат мекунад, ҷалаб худи ҳамин аст, оча!!! Ту намедонӣ, ин аблаҳ аз ман чӣ хоҳиш мекунад, ман бо мард буданам, хоҳишҳои ӯро шунида, шарм медорам! Лаънат ба худашаму ба сатраш ҳам, ин аз қабили ҳамонҳоест, ки бо сатру намоз гуноҳҳояшро мепӯшонад, инро ягон рӯз шариат мезанад…
Он шаб то рӯз холаи Салима писару келинашро насиҳат кард ва Камолҷон ба хотири модараш зиндагияшро бо Зартоҷ идома дод…
Усули марговар
Зартоҷ зоҳиран худро ислоҳшуда нишон диҳад ҳам, аммо дар дилаш нақшаҳои баде мекашид. Ин бадсигол мехост, танҳо худаш соҳиби пулу мол ва сарвати шавҳараш бошад, аз ин рӯ, худро ба шавҳару хушдоманаш меҳрубон нишон дода, дар дилаш сирри ниҳон дошт…
Камолҷон зуд-зуд ба маркази вилоят барои хабаргирии дӯконаш, ки дар бозори марказии вилоятӣ кушода буд, мерафт. Як шоми гулрези баҳорон, ки бӯйи хуши пудинаву райҳон, ҷамбилаку ҳулбӯ ва дигар гиёҳҳои баҳорӣ димоғро навозиш мекард, холаи Салима аз келинаш хоҳиш кард, ки оши бурида тайёр кунад. Худаш гиёҳҳои хушбӯйро чида тоза карду майда реза намуд, пас аз тайёр шудани хӯрок Зартоҷ мақсади сиёҳашро амалӣ намуда, ба косаи хӯроки хушдоманаш чанд қатра доруи кимиёвие, ки барои нест кардани ҳашароти полез истифода мешуд, чаконд. Ин дору бӯйи тунде дошт, вале холаи Салима онро аз бӯйи гиёҳҳо фарқ накарда, як косаи калони хӯрокро боҳавсала хӯрд. Бо гузаштани чанд дақиқа авҳоли хола бад шуду Зартоҷ ба таври худ ба ӯ ёрии аввалин расонданӣ шуд, келин мехост, ки натиҷаи корашро бо чашмони худ дида, баъд духтур чеғ занад, вале ба бахти хола зани ҳамсоя барои ҳоҷате омаду авҳоли ӯро дида, зуд ӯро ба мошини писараш бор карда, ба духтур бурд. Соҳиба ҳамроҳи хусуру хушдоманаш то субҳ сари болини бемор бемордорӣ карданду холаи Салимаро аз марг наҷот доданд. Ташхисҳо нишон доданд, ки хола заҳролуд шудааст, ҳарчанд холаи Салима медонист дар ба ҷогаҳи марг афтиданаш кӣ гунаҳгор аст, аммо боз хомӯширо пеша кард. Ба духтурон гуфт, ки ҳамон рӯз худаш аз полез кабудӣ чинда, чанд баргакашро ношуста, хоида фурӯ бурдааст. Соҳиба модарашро ба оғӯш гирифта гуфт:
-Оча, худат ҳамеша моро таъкид мекардӣ, ки ҳеҷ гоҳ сабзавоту меваи ношӯстаро нахӯред, ҳеҷ боварам намеояд, ки шумо…
Давом дорад