Пагоҳӣ аз хоб бедор шудам, ки аллакай рӯз шудааст. Акнун ба рубӯчини ҳавлӣ машғул шудам, ки хушдоманам дар даст сатили шир аз сӯи оғилхона омад. Чун маро дар ҳавлӣ дид, якбора оташи қаҳру ғазабаш боло гирифта, ҷанҷолро сар кард:
- Ҷорӯбро дар ҷояш мон, ҳавлиро ман худам мерӯбам, рав дар хонаат дароз кашида хоб кун, ман келин не, ба хона дарди сар овардам,- сатили ширро болои кат гузошта, гуфт ӯ.
- Холаҷон, чаро ин тавр мегӯед, охир шаб дар болои сари набераатон то рӯз хоб накарда, гаҳвора ҷунбондам, маззааш гурехт, тасп карда буд,- бо мулоиматӣ фаҳмондам ба хушдоманам. Аммо вай ҳеҷ маро дарк кардан намехост.
- Хайрият як “сундук” дорӣ, агар дуто медоштӣ, тамом,- шири навдӯшидаашро ба зарфи сирдор полонда, гуфт ӯ. Ман дар саҳни ҳавлӣ ҳайрон монда, намедонистам чӣ кор кунам. Ҳамин вақт садои писарчаам, ки дар гаҳвора баста будам, баланд шуд.
- Рав, сағераат гиря дорад, вайро хап дорон,- сӯям нигоҳи ғазаболудаашро партофта, гуфт хушдоманам.
Ноилоҷ ҷорӯбро дар як канори ҳавлӣ гузошта, ба сари гаҳвораи кӯдакам, ки беист гиря мекард, рафтам.
Аз вақте ба ин хона келин шуда омадаам, ҳоли баде дорам. Хушдоманам ҳеҷ маро дарк карда наметавонад. Аз оташи ҳаври даҳони ӯ дар сари дастархон дуруст нишаста наметавонам. Якзайл ҷангу ҷанҷолро якум шуда сар мекунад, вале ман ба гапҳояш ҷавоб намегардонам.
Пеш аз хонадоршавиям, ба ман мегуфтанд, ки Неъмат падар надорад, вай як модари ғамгусор дорад, занаки хуб аст, ҳатто пашшаро озор намедиҳад. Ба ҳамин хотир, бо Неъмат оиладор шудам, вале ҳамааш баръакс будааст.
Пас аз келин шуда омаданам, аз ҳамсояҳо фаҳмидам, ки хушдоманам ҳар рӯз бо шавҳараш ҷанг мекардаасту оқибат шавҳари бечораашро силмарг карда куштааст.
Шавҳарам Неъмат баръакси модараш ҷавони хуб аст. Хулқу атвор ва хислати модарашро хуб медонад. Шавщарам дар мущоыирати мещнать аст ва ҳар гоҳ бо телефон бо ман гап занад, таъкид мекунад:
- Азизам, ба ҷангу ҷанҷолҳои модарам аҳамият надеҳ, камтар ҷанҷол кард, хап мекунад, ту писарамро хуб тарбия карда, нигоҳубин намо.
Ин суханҳои шавҳари аҳли фаҳмам ба ман дар зиндагӣ қувват мебахшад.
- Хайр, як тараф оташ бошад, як тарафи дигар бояд об бошад, ки оташи даргирифтаро хомӯш кунад,- мегӯяд шавҳарам.
Ҳар вақте ба хонаи модарам бо иҷозати шавҳарам ба хабаргирӣ равам, модарам чеҳраи рангпаридаи маро дида, бо таассуф мегӯяд:
- Хайр, духтарҷони ширинам, тақдират ҳамин будааст, чӣ кор кунем, ба ҳамаи сахтиҳои зиндагӣ тоқат кун, рӯзҳои хуб дар пешанд.
Модарам рост мегӯянд. Инсон пешомади рӯзгори хешро намедонад. Ман аз куҷо медонистам, ки дар чунин оила келин мешавам. Тақдир ҳамин будааст.
Шавҳарам пул мефиристад, вале ман ҳатто рӯи як тангаи зардро намебинам. Доимо аз хонаи падару модарам барои сару либоси фарзандам маблағ гирифта меорам. Хушдоманам вақте мебинад, ки ман чизе харида, ба хона овардаам, якбора авзояш вайрон шуда мегӯяд:
- Неъматро ман шир дода калон кардааму имрӯз бошад, аз ман пинҳонӣ ба занаш пул мефиристонад...
Мефаҳмонам, ки волидайнам ба ман кӯмаки пулӣ мекунанд, аммо ӯ бовар намекунад:
- Ту рӯятро сад бор сиёҳ мекунӣ, мочахар, писарам аз ман пинҳонӣ ба ту пул мефиристад,- мегӯяд ӯ.
Баъзан қаҳрам карда, ба гапҳои беадолатонааш ҷавоб мегардонам.
Тирамоҳ шавҳарам Неъмат аз ғарибӣ омад. Ба ӯ фаҳмондам, ки бо чунин аҳвол дар ин мотамсаро зиндагӣ карда наметавонам.
-Ҳар рӯз ҷангу ҷанҷол, ҳар рӯз хархаша, ман чӣ хел дар ин хонадон зиндагӣ кунам?- гуфтам гирякунон.
- Азизам, поёни шаби сиёҳ сафед аст, фақат тоқат кун, ҳамааш мегузарад,- маро дилбардорӣ карда гуфт шавҳарам.
Ман ҳам ба хотири бахти аввал ва писарчаи нозанинам дар хонаи шавҳар зиндагӣ дорам.
Соро
Муаллиф Раҷабалӣ Файзуллоев