sebiston july new
Хушдомани писарам набераҳояшро зиндаятим карданист
1859


Салом! Ман як модари тоҷик мехоҳам сарнавишти талхи писарамро ба шумо нақл карда, маслиҳат бипурсам.

Ҳамагон хуб медонанд, ки зиндагӣ бе пастию баландӣ намешавад ва инсон бояд дар шебу фарози умр сабӯр бошад, аммо келини ман ду сол пеш барои дупула гап қаҳр карда, ду кӯдакашро гирифта ба хонаи падару модараш рафт. Ман ҳамчун модар намехоҳам, ки зиндагии писарам вайрон шуда, фарзандонаш зиндаятим гарданд, аз ҳамин хотир чанд бор роҳи муросоро ҷуста ба хонаи қудоям рафтам, то ки келин ва набераҳоямро ба хона баргардонам, аммо падару модараш бо мо бисёр бад муносибат намуданд. Волидонаш иҷозат намедиҳанд, ки келинам бо шавҳараш оштӣ карда ба хона баргардад.

Ду сол шуд, ки набераҳоямро надидаам. Борҳо барои диданашон рафтем, вале хушдомани писарам кӯдаконро на ба мо ва на ба падарашон нишон намедиҳад. Писарам ҳар гоҳ барои дидани фарзандонаш равад, хушдоманаш бо вай ҷангу ҷанҷол бардошта, қиёматро қоим мекунад, ки рав зан гир, барои чи ҳар рӯз ба пушти дари хонаи ман меоӣ?!

Келинам донишҷӯ буд ва набераҳоямро ман худам калон кардам, аз ҳамин хотир онҳоро аз ҷонам бештар дӯст медорам. Дилам барояшон гум мезанад. Сару либоси мактабӣ харида бурдем, ки бачаҳо аз касе камӣ надошта бошанд, вале келинаму волидонаш қабул накарданд. Ду-се маротиба ба мактабашон рафтам, ки ақаллан дар ҳамон ҷо набераҳоямро бинам, аммо директори мактаб розӣ нашуд.

Хушдоманаш овоза кардааст, ки гӯё писарам фарзадонашро партофта ба Русия рафтаасту барои ҳамин духтараш азоб кашида, ба хонаи онҳо баргаштааст, вале дар асл ин тавр нест.

Келинам муаллимаи забони русӣ аст ва мегӯяд, ки хонаеро ба иҷора гирифта, рӯзи худаш ва фарзандонашро мегузаронад, вале ман ҳамчун модар намехоҳам кӯдакони писарам зори дари хонаи мардум гарданд. Вақте ки падарашон хонаву дар дорад, чаро онҳо дар иҷора зиндагӣ карда, ранҷу азоб кашанд.
Мехоҳам оилаи писарам дубора мустакам гардад, вале падару модари келинам ба ин монеъ шуда истодаанд. Хушдоманаш писарамро чанд бор таъна задааст, ки ягон зан туро намегирад, барои ҳамин ҳар рӯз пушти дари ман омода истодаӣ, дар ҳоле, ки чандин ҳамсояҳо ба мо пешниҳод намуданд, ки духтари ин ё он хешашонро келин кунем. Писарам зан гирифтанӣ бошад, арӯс қаҳт назадааст.

Лозим бошад, духтари очааш бӯса накардаро ба занӣ мегирад,вале ман намехоҳам фарзандони писарам аз меҳри падар дур монда, зиндаятим шаванд. Ҳарчанд кӯшиш кардам, ки инро ба падару модари келин фаҳмонам, нашуд. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД