Arzon march 2024
Хушдоманамро куштам Қисми 1
1722

 

                          Арӯси зӯр

Дар хонаи падарам духтари калонӣ ва дар хонаи хусурам бошад, келини кенҷагӣ ба ҳисоб мерафтам. Ҳарчанд шавҳарам чор бародар дошта бошад ҳам, аввал хонаи моро ҷудо карданд, зеро дар сари шавҳарам зӯр будам.

Шавҳарам ронандаи мошини боркаш буду пули хуб меёфт, худам дар боғчаи бачаҳо мураббия будам. Хонаву дарамонро дар як муддати кӯтоҳ таъмир карда, ҳама ҷиҳози ҳамон вақтҳо дар мӯд бударо харидем. Пайи ҳам тавлид шудани чор фарзанди нозанинам зиндагии моро зеботар кард. Падару модарам ҳамагӣ ду духтару як писар доштанд, аз ин рӯ, ба зиндагии ману хоҳарам ёрии бисёр мерасониданд. Хулоса, аз чизе камбудӣ надоштам. Шавҳарам бо садои ман лаббай мегуфту тамоми пули ёфтаашро оварда, ба дастам медод. Ман ба хости худам пул сарф карда, худам ва ду писару ду духтарам гул хӯрда, гул мепӯшидем.

Оҳиста-оҳиста ҳеварҳоям низ хонаву дари худро ҷудо карда, ҳар кадом пайи зиндагиашон шуданд. Хусуру хушдоманам шахсони бадавлат буданд, зеро ғайри шавҳари ман дигар писаронашон ҳамеша пайи хизмати онҳо ду даст пеши бар меистоданд. Инсонҳои хуб буданду ҳаргиз намегуфтанд, ки “чаро, писари моро аз мо ҷудо мекунӣ, пули ёфтааш канӣ?” Ё чизи дигар.

                             Ишқи май

Зиндагӣ дар маҷрои худ равон буду шавҳарам кам-кам ба шароб майл кард. Бисёр вақт ӯ баъди кор шароб нӯшида меомаду ман ғур-ғур кунам, сар мешуд ҷангу ҷанҷол. Намехостам, ки сири зиндагиям назди хусуру хушдоман, ҳеварҳо-хоса авсунҳоям овоза шаваду онҳо маро ноуҳдабаро хонанд. Аз ин рӯ, ба падари худам шикоят бурдам, аммо шавҳарам дар назди падарам сарашро хам карда, “дигар такрор намекунам” мегуфту рӯзи дигар боз ҳамон Аҳмадаки порина буд. Баъд тоқатам тоқ шуда, ба хусурам аз қилиқҳои писараш гуфтам, насиҳатҳои падараш таъсир карданду шавҳарам каме аз ин роҳ гашт. Нав нафаси осуда кашида будем, ки хусурам аз олам гузашт. Баъди додани оши чили падараш, шавҳарам боз майнӯшияшро сар кард. Барои ман аламовараш он буд, ки акнун авсунҳоям сири оилаи маро медонистанд. Боре ҳама дар хонаи хусурам ҷамъ шудему авсуни калониям, ки дар ҳавлии падарӣ ҳамроҳи хушдоманам зиндагӣ мекард, гуфт:

- Мард бо айби занаш «пиёнисака» мешавад. Бо зани хуб мард ҳеҷ гоҳ ба роҳи бад намеравад… Ин гапи ӯ ба ҷигарам мисли корд халид, зеро ман айбамро дар назди шавҳарам намедонистам. Аз кор биёяд, дастархони пурнозу неъмат дар наздаш густурда, сару либосаш тозаю озода, намедонам ба вай боз чӣ намерасид.

                             Шоми наҳс

Акнун хонаи мо ба хонаи занбӯре шабоҳат дошт, ки ба он бачаи шӯхе чӯб хаста аст. Ҳамеша пури ҷанҷол, шавҳарам зуд-зуд арақ нӯшида, ҷангу ҷанҷол барпо менамуд, аз ҳақу ҳамсоя шарм медоштам. Кӯдакон ҳам аз ин ғавғо безор шуда буданд. Ман акнун баъди ҳар арақнӯшии шавҳарам ба хонаи хушдоманам, ки дар кӯчаи дигар воқеъ буд, рафта бо ин зани порсо ҷангу ҷанҷол мебардоштам. Хушдоманам писарашро наздаш даъват карда, насиҳат мекард, вале ӯ одам намешуд. Ба саволҳои мо-чаро арақ менушӣ, посух якто буд, “ҳама менӯшанд, чӣ шудааст?”

Як шом шавҳарам боз нӯшида омад, ӯ як хислат дошт, ки масти дунё бошад ҳам, муштзӯрӣ намекард, бо кӯдакон меҳрубон буд, аммо ман ҷанҷол мебардоштам. Ман ҷангу ҷанҷол карда, кӯдаконро бо падари масташон гузошта, худам боз ба сари хушдоманам рафтам. Хушдоманам намози шом мехонд, ҳеварам аз кор наомада буду авсунам бо фарзандонаш наметофт. Ман тамом шудани намози хушдоманамро мунтазир нашуда, фарёд задам:

-Ана боз маст омад, маро аз хона пеш карду кӯдакон ҳамроҳаш, мекушад бачаҳома ин наҳс…

Хушдоманам як ба ман нигоҳ карду рӯйи ҷонамозаш афтид… Ман ин гуна ранг гирифтани корро мунтазир набудам, зуд ба хона баргаштам, шавҳарам бо кӯдакон машғули бозӣ буд, аммо ҳеҷ гумон надоштам, ки…

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД