Ман Малохат, сокини шаҳри Кӯлоб мебошам. Вақтҳои охир дар бораи носозгирии келину хушдоман бисёр менависанд, аз ҳамин хотир мехоҳам қиссаи зиндагии худро нақл кунам, то ба дигар келинҳо дарси ибрат гардад ва дар зиндагӣ сабру таҳаммулро пеша намоянд, чунки меваи сабр ширин аст.
Мо авлоли Саидзода ҳастем, аз ҳамин хотир бо бегонаҳо қудо намешавем. Падару модарам тибқи анъанаи авлодӣ маро ба писари хлаам ба шавҳар доданд. Зиндагиамон рӯзҳои аввал хеле ширин мегузашт, вале баъдтар меҳрубониҳои писарашро дида, хола-хушдоманам рашк мекардагӣ шуд. Вай баҳудаю беҳуда ба ҳар як кори ман эрод гирифта, дар наздихудиву бегона маро бадгӯӣ мекард. «Келинам як духтари танбалу чалфаси ҳиллагар аст» гуфтани модаршӯямро ҳамсояҳо ба ман мерасонданд, вале ба хотири шавҳарам чизе намегуфтам. Хушдоманам торафт ҷаллодатр гашта, маро чунон дуоҳои баде мекард, ки ногуфтанӣ, вале сирри оилаамро пинҳон дошта, ба модарам лаб намекушодам. Намехостам, ки аз рӯйи ман шуда муносибати ин апаю хоҳар вайрон шавад. Хушдоманам ба ду писари дигараш келин фаровард, гумон кардам, ки акнун корам сабуктар мешавад, вале хаёлам хом баромад. Модаршӯям келинҳои навашро эркаю азиз намуда, ҳама кору бори хонаро ба гардани ман бор мекард. Аз субҳ то шом хар барин кор карда, ба ҷойи раҳмат мудом гап мешунидам. Хушдоманам баъзан косаву табақро дар сарам шикаста дод мезад, ки ин беномусро сад бор пеш кунам ҳам, даъф шуда намеравад. Суханони холаам аз ҷавшани ҷонам мегузаштанд, лекин гӯшамро ба карӣ зада чунон вонамуд мекардам, ки гӯё дашному дуоҳои бади хушдоманамро намешунавам. Албатта таҳаммул кардани ин ҳама ранҷу азоб барои ман сон набуд. Шабҳоро бо гиря саҳар карда, ҳамеша дар намозҳоям худоро зорӣ мекардам, ки дар дили модаршӯям раҳму инсоф андозад.
Ҳамин тавр ба ҳама ҷабру ҷафои хушдоман тоқат карда соҳиби се фарзанд шудам. Бардарони шавҳарам бачаҳои кордону пулёб буданд ва дар Русия кор карданду ҳар кадм хонаҳои нав сохта, соҳиби манзили аҳолидаи худ шуданд. Келинҳои таърифии хушдоманам зиндагияшонро ҷудо намуда, ҳамроҳи шавҳару фарзандонашон кӯчида рафтанд ва ман мондаму холаам.
Аз байн чанд вақт гузашту чашмони модаршӯям худ аз худ кӯр шуданд ва кампир аз пойи равон монд. Шавҳарам модарашро дар ба дари табибу муллову духтурҳо мегардонд, аммо касе ба дардаш даво намеёфт.
“Малоҳатҷон, агар тавонӣ маро бубахш! Туро азоби бисёр додам, шояд барои ҳамин худованд маро чунин бераҳмона ҷазо дода дар дами пирӣ аз дидаи бино маҳрум кард”-мегуфт хушдоманам ва зор-зор гиря мекард.
Дилам ба ҳоли кампир месӯхт ва «холаҷон, ин хел нагӯед, худо раҳиму меҳрубон аст, дардро, ки дод, шифояшро ҳам медиҳад» гӯён, хушдоманамро ба оғӯш гирифта, сару рӯяшро сила мекардам.
Ҳамин тавр дар дами пирӣ хола-хушдоманам аз дидаи бино маҳрум гашта, хатои худро фаҳмид. Акнун мо мисли модару духтар бо ҳамдигар меҳрубонем. Ману шавҳарам дар хизмати модараш ба қавле ба як пой рост истода, шабу рӯз хизматашро мекунем, то ки кампир заррае хориву ранҷу азобу озор набинад. Модаршӯям б чашмони оҷиз ҳамеша дар ҳаққи ман дуои нек карда мегӯяд: «Хокро гирӣ, зар шавад, келинҷон! Мани оҷизро, ки нигоҳубин мекунӣ, худованд пдши некиҳоятро баргардонад. Илоҳо роҳати фарзандонатро бубинию ҳеҷ гоҳ ба касе мӯҳтоҷ нашавӣ....”
Ба дигар келинҳо гуфтаниям, ки ман сабр карда дар зиндагӣ бурд намудам, шумо ҳам дар ҳаёт сабӯр бошед, худо хоҳад, албатта хушбахт хоҳед шуд. Зиндагиро беҳуда маҷмӯъаи бешу камӣ намегӯянд, ҳаёт бе пастию баландӣ намешавад, агар дар шебу фарозҳои он сабру тоқат кунӣ, ба қуллаи бахт мерасӣ. Аз гапҳои пасту баланди хушдоман наранҷед, зеро модаршӯй ҳар чи мегӯяд, бо нияти ислоҳ шудани келин мегӯяд. Фаромӯш накугнед, ки хушдоман модар аст ва шумо ҳам фардо хушдоман мешавед!