Хушдоманам чизҳои бомаззаро дар сандуқ қулф мекунаду...
04.01.2026
Oila.tj
442

Ман дар оилаи камбағал ба дунё омада бошам ҳам, волидонам ягон чизро бо қулфу калид маҳкам намекарданд. Ҳар ризқу рӯзиеро, ки худованд насибамон мегардонд, мехӯрдему шукрона мекардем, вале баъди ба шавҳар баромадан дарк кардам, ки духтар нозу нузашро дар хонаи очааш мекардааст ва мардуми мо келинро ҳамчун каниз қабул мекардаанду ҳатто нонхӯрии арӯсро дида, чашмашон сих мезадааст.

Хушдоманам тамоми маҳсулоти хӯрдании хонаро дар сандуқи калон пинҳон карда, дарашро қулф мекунад. Ростӣ аввалҳо ба ин аҳамият намедодам, вале оҳиста-оҳиста кор ба ҷое расид, ки мани чашмам серу пур бо дидани як дона қанди печак ҳам дилам гум мезадагӣ шуд. Қанду қандалот, меваву ҳалво, умуман ҳама чизи бомаза дар ин хона дар сандуқ пинҳон аст. Ягон меҳмон биёяд, мебароранд, меҳмон ки рафт, боз ба ҷояш гузошта, дари сандуқро маҳкам мекунанд. Баъди он ки дар қадам кӯдак пайдо шуд, дилам зуд-зуд чизҳои бомазза мехоҳад, вале аз тарси хушдоман ҷуръат намекунам, ки аз сандуқ як дона қанд гирам. Шавҳарам боре намепурсад, ки ман гуруснаам ё ташна. Бечора модарам ҳар гоҳ ба хонаам меҳмонӣ биёяд, «духтарам ҳомила аст» гӯён, хӯрданиҳои бомазза меорад, вале хушдоманам чизҳои овардаи очаамро ҳам дар сандуқаш маҳкам карда, калидро пинҳон мекунад. Андеша намекунад, ки келинам сарторик аст, шояд дилаш ягон туршӣ ё ширинӣ мехоҳад. Рӯзи дароз гурусна мегардам. Духтурҳо мегӯянд, ки камхунӣ дорам ва ба хотири солимии худу тифли батнам бояд хӯрокҳои серғизо истеъмол кунам.

Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ  кор кунам?

В. И.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД