Formula novemver 2024
Хушдоманам ба ваъдаи додааш вафо карду...
1537

Салом! Дар бораи моҷарои келин ва хушдоман дар маҷаллаю рӯзномаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ бисёр мегӯянду менависанд, аз ҳамин хотир ман ҳам қарор додам қиссаи сарнавишти худро нақл кунам.

Замоне, ки ҳанӯз духтарак будам, шикваҳои чанд дугонаамро дар мавриди хушдоманҳояшон шунида, ман ҳам хавотир мешудам, ки тақдирам чӣ мешуда бошад. Аз он ҳарос доштам, ки мабодо ба чанги ягон хушдомани золим афтида, рӯзам сиёҳ нашавад. Муносибати модарамро бо келинҳояш дида, орзу мекардам, ки қисмат ба ман ҳам чунин хушдоманро ато намояд...

Вақте, ки хостгорҳо омада розигии хонаводаи маро гирифтанд, хушдоманам дар байни даҳҳо нафар хешу ҳамсоя маро ба фарзандӣ қабул намуда гуфтанд:

“Туро ба ҷойи духтаронам қабул кардам ва баробари онҳо дӯст медорам. Фаромӯш накун, ки ту фақат келин не, мисли фарзанди ман ҳастӣ, духтарам!

Ман ин суханони пандомези модаршӯямро ба гӯшам ҳалқа кардам ва инак тӯли ҳафт мешавад, ки дар хонаи хушдоманам зиндагии хушу хурсандона дорам.

Хонаводаи ҳамсарамро мисли хонаводаи худам дӯст дошта, бо онҳо ҷонпайванд гаштаам. Хушдоманам ба ваъдаи ҳафт сол пеш додааш вафо намуд, ман ҳам ҳурмату эҳтиромашонро ба ҷо меорам.

Туфайли ҳамин эҳтироми тарафайн ҳамроҳи хусуру хушдоман, шавҳар ва ду фарзанди нозанинам зиндагии ширину гуворо дорам.

Барои шумо-хонандагони азизи сомонаи Оила. ТЧ гуфтаниям, ки қарсак аз ду даст аст, агар келин меҳрубон, самимӣ ва ҳунарманд бошаду ҳурмату эҳтироми хусуру хушдоманро ба ҷо орад, ҳам худаш хушбахт мешавад ва ҳам волидони шавҳараш аз ӯ ризо гашта, як умр дар ҳаққаш дуои нек мекунанд.

Меҳрангез аз шаҳри Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД