Arzon march 2024
Хушдоманам ба ману шавҳарам рашк мекунад
22.10.2022
ОИЛА
1117


Салом хоҳарону модарони гиромӣ. Ман як ҷавонзани 25-сола, аз шаҳри Душанбе ҳастам. Соле қабл волидонам маро бо ҷавоне оиладор карданд, ки қабл аз тӯй намешинохтам. Азбаски шавҳарам яккаписар аст, мо дар хонаи волидони шавҳарам зиндагӣ мекунем.

Хушдоманам аз рӯзи аввали ба хостгорӣ омаданаш хеле писари худро таърифу тавсиф карда, дар назди модарам гуфта буд, ки “муҳим ҷавонон бо ҳамдигар созиш намоянду хушбахт бошанд, писари ман аз миёни чандин духтар маҳз духтари шуморо интихоб кардааст, ман ба зиндагии онҳо дахолат намекунам!” Маҳз ҳамин гапи хушдоманам ба модарам хуш омада, ӯро ҳамчун зани дурандешу оқил гумон карда, маро бо панду насиҳат ба хонаи бахтам гусел карданд. Аз рӯзи аввали оиладориямон чӣ гуна инсон будани хушдоманамро дарк карда бошам ҳам, ба модарам чизе намегӯям. Аз тӯямон ду ҳафта сипарӣ нашуда буд, ки модаршӯям бо писараш моҷаро карда гуфт:
“Ту аз рӯзе, ки зан гирифтӣ, ҳамеша вақтатро бо занат мегузаронӣ, умуман модар доштанатро фаромӯш кардаӣ!” ва чунон бо алам гиря кард, ки ман аз тарс ҳамон шаб хоб рафта натавонистам. Акнун шавҳарам аз тарси модараш дигар бо ман вақти зиёд намегузаронаду дар хона ҳам хеле кам ӯро мебинам. Ба модарам дар ин бора дарди дил карда наметавонам, аз ин рӯ, аз шумо модарони гиромӣ маслиҳат пурсидан мехоҳам. Шояд ин ҳолати хушдоманам муваққатӣ аст? Наход тамоми умр шавҳарам аз тарси модараш аз ман гурехта гардад?
Д.Т.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД